ДУШАНБЕ Авлавият ба таъмини нархи дастрас дар бозори истеъмолӣ

31 декабр 2025, Чоршанбе
10

ДУШАНБЕ

Авлавият ба таъмини нархи дастрас дар бозори истеъмолӣ

Аз 21-уми декабри соли ҷорӣ дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар бозорҳои «Саховат», «Меҳргон», таваққуфгоҳи назди бинои МИҳД ноҳияи Сино ва назди боғи «Куруши Кабир» намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид. Ёдрас бояд шуд, ки ин ярмаркаҳо дар асоси қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанӣ гардондани дастархони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин, пешгирӣ аз болоравии нархи маводи озуқа ташкил шудаанд.

Ярмарка аз ҷониби раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо иштироки корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ташкил шуд.

Тавре аз ярмаркаи назди бозорҳои «Меҳргон» ва «Саховат»-и пойтахт дидан намудем, тамоми маҳсулоте, ки пешкаши мизоҷон гаштааст, сифати хуб дошта, бо нархҳои дастрас фурӯхта мешаванд. Дар ин нуқтаҳо маҳсулоти ғизоӣ то 25-30 дарсад нисбат ба нархи бозор арзонтар ба фурӯш гузошта шудааст. Масалан, як халта орди 50-килограммаи навъи якум 180 ва навъи дуюм 160 сомонӣ, як кг гӯшти гов 65, гӯшти мурғ 27, як қуттӣ тухм аз 27 то 33, як кг картошка 4, пиёз 1,5, биринҷ вобаста ба навъ аз 6 то 17, шакар 9, макарон 7, лӯбӣ 18, наск 16, турб 4, шалғам 5, каду 5, лаблабу 5 сомонӣ ва 5 литр равған 70 сомонӣ арзиш доранд. Меваҷот низ бо нархҳои дастрас пешкаши мизоҷон гардонда шудааст.

Дилафрӯз Сафарова, сокини пойтахт, андешаҳои худро доир ба ярмаркаи мазкур чунин изҳор дошт: «Пеш аз ҳама, ба раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати роҳандозии чунин иқдомҳои наҷибу ғамхорона миннатдории худро баён менамоям. Мо имрӯз аз ин нуқтаҳои савдо маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили сабзавоту меваҷот ва гӯшту равғану ордро бо нархҳои хеле арзон харидем. Бигзор чунин ярмаркаҳо пайваста баргузор гарданд».

Сокини дигари пойтахт Равшан Холов, ки аз ярмарка дидан намудаву маҳсулоти зарурии худро харидорӣ менамуд, гуфт: «ман ба масъулон ва ташкилкунандагони чунин ярмарка ташаккур мегӯям. Чунки дар арафаи иду ҷашнҳо баргузор кардани чунин намоишҳо ба манфиати мардум мебошад, зеро нархи маҳсулоти ниёзи аввал арзону дастрас ба фурӯш гузошта шудааст».

Чунонки масъулони раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иброз доштанд, то 28-уми декабр дар ин ярмаркаҳо 40,7 тонна гӯшти гов, 6,5 тонна гӯшти гӯсфанд, 15,2 тонна гӯшти мурғ, 53,7 тонна орд (навъи 1, воридотӣ) 51 тонна орд (навъи 1, ватанӣ), 104,8 тонна картошка, 93,2 тонна пиёз, 47,7 тонна сабзӣ, 31,9 тонна равғани рустанӣ, 31,1 тонна биринҷ, 30,6 тонна шакар фурӯхта шудаанд.

Намоиш-фурӯши маҳсулот то 31-уми декабр дар минтақаҳои муайяни ҳудуди шаҳри Душанбе идома хоҳад дошт.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252