РОҲСОЗӢ ДАВЛАТСОЗИСТ

31 декабр 2025, Чоршанбе
10

РОҲСОЗӢ ДАВЛАТСОЗИСТ

Аз рушди иқтисодӣ то таҳкими ваҳдати миллӣ

 

Ҳамасола ҳангоми сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тавассути роҳи автомобилгарди Душанбе – Хоруғ мушоҳида мешавад, ки роҳ марҳала ба марҳала бунёду навсозӣ гардида, рафтуомади сокинон осону бароҳат шудааст. Имсол дар шоҳроҳи Душанбе – Кулма, дар қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ (сарҳади ноҳияи Рӯшон), бори аввал аз нақби навбунёди мошингарди дарозиаш 3400 метр гузаштем, ки, воқеан, як иншооти муосиру ҷолибу боҳашамат аст.

Эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихор касро фаро мегирад, вақте чунин иншооти азимро бо чашми сар мебинем. Роҳи кӯҳистон ба роҳи ҳамвору осонгузар табдил ёфта, имкониятҳои нави иқтисодиву иҷтимоиро фароҳам меорад. Имсол дар қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ кори сохтмончиён бо суръати баланд ҷараён дошта, ҳаракати нақлиёт мунтазам таъмин шудааст. Дар қисмҳои гуногуни роҳ корҳои асфалтпӯшӣ, сангфаршкунӣ, васеъсозӣ ва таркондани кӯҳҳо идома доранд.

Нақби навбунёд, ки 3400 метр дарозӣ, 6 метру 90 сантиметр баландӣ ва 8 метр паҳноӣ дорад, бо ҷалби роҳсозони ватаниву хориҷӣ бо сифати хуб сохта шудааст. Қисми зиёди маводи истифодашуда истеҳсоли ватанӣ мебошад. Баъди гузаштан аз нақб, роҳи пасту баланди кӯҳистон кори заҳматталаби роҳсозонро боз ҳам намоёнтар месозад. Онҳо дар шароити душвори иқлимӣ кор карда, тамоми неру ва маҳорати худро ба сохтмони ин шоҳроҳи муҳими стратегӣ равона намудаанд.

Ба гуфтаи роҳсозон, қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон як қисми муҳими лоиҳаи байналмилалии Душанбе – Кулма ба ҳисоб рафта, тибқи меъёрҳои дараҷаи сеюми техникӣ сохта мешавад. Роҳ аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳноии умумии он 12 метр ва қисми асфалтшуда 7 метрро ташкил медиҳад.

То имрӯз корҳои сохтмонӣ дар нақби якум пурра ба анҷом расида, нақби дуюм дар марҳалаи ниҳоӣ қарор дорад. Айни замон асфалтпӯш кардани қабати поёнии роҳ дар масофаи 78 километр ва қабати болоӣ дар масофаи 44 километр анҷом ёфтааст. Дар шоҳроҳи байналмилалӣ аз 14 пули пешбинишуда сохтмони 12-тои он ба итмом расида, дар ду пули дигар кор идома дорад. Ҳамчунин, дар 5 долони зиддитармавӣ корҳои бетонрезӣ ва арматурбофӣ ҷараён доранд.

Бо назардошти душворгузар будани масири Қалъаихумб – Ванҷ то сарҳади ноҳияи Рӯшон, анҷоми сохтмон дар ин қитъа ба маънои воқеӣ анҷоми қисми муҳимтарини лоиҳаи роҳ мебошад. Дар гузашта нигоҳдории чунин роҳ хароҷоти зиёд талаб мекард, вале имрӯз бо навсозиву муосиргардонии он ҳаракат ва хизматрасонии нақлиёт хеле беҳтар шудааст.

Ин шоҳроҳи азим пойтахти кишвар – шаҳри Душанберо бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минбаъд бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мепайвандад.

Дар ҳақиқат, сохтмони роҳ дар минтақаҳои баландкӯҳ кори осон нест, аммо бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо раҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар сартосари кишвар ҳазорҳо километр роҳҳои сатҳи байналмилалӣ бунёд ва таҷдид шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд: «Роҳ василаи асосии робитаи байни мардумон, шаҳрҳо ва кишварҳост. Роҳи хуб на танҳо ҳаракатро осон мекунад, балки рушди иқтисод, тиҷорат, сайёҳӣ ва зиндагии шоистаи мардумро таъмин месозад». Ин гуфтаҳои Пешвои миллат имрӯз дар амал татбиқ гардидаанд. Бунёди роҳҳои нави кӯҳистон Тоҷикистонро бо минтақаҳои дурдаст, ҳамчунин, бо кишварҳои ҳамсоя пайваста, ба рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252