Таъсиси ҷоизаи раиси вилояти Хатлон барои ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ
Таъсиси ҷоизаи раиси вилояти Хатлон барои ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ
29-уми декабр иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ пешниҳод кард, ки бо мақсади ҳавасманд гардондани ҷавонону варзишгарон ҷоизаи раиси вилояти Хатлон барои ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис дода шавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ додааст, ки тайи солҳои охир дастовардҳои варзишгарон дар мусобиқаҳои дохилию байналмилалӣ назаррас мебошад. Давоми 11 моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 54 иншооти варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки дар ин замина, барои наврасону ҷавонон шароити муносиби тамрин фароҳам гардид. Дар ин давра варзишгарони вилоят аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 699 медали тилло, 675 медали нуқра ва 872 медали биринҷӣ, дар маҷмуъ, 2246 медал, ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 262 медал зиёд мебошад.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252