РОҒУН. ДЕҲОТИ ҚАДИ ОБ КАЙ СОҲИБИ ВАРЗИШГОҲ МЕШАВАД?!
Рушди соҳаи варзиш ва рӯ овардани мардум, бахусус ҷавонон, ба тарзи ҳаёти солим пайваста таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин ҷода, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои зиёде ба сомон расида, дар гӯшаву канори гуногуни Ватани маҳбубамон, аз ҷумла шаҳри Роғун, толорҳо, майдончаҳо ва иншооти дигари варзиш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аммо бояд гуфт, ки на ҳамаи деҳоти шаҳр аз чунин шароит бархурдоранд. Масалан, деҳаи Чашмаи Куллои Ҷамоати деҳоти Қади Оби шаҳр, ки дар Роғун, яке аз деҳаҳои калонтарин ба шумор меравад ва аҳолиаш беш аз 2 ҳазору 300 нафар аст, ягон иншооти варзишӣ надорад.
Тавре хонандаи азиз огоҳ аст, мо аз набудани иншооти варзишӣ дар деҳаи мазкур (“Ҷумҳурият” 20.05.2021, №: 99 “Роғун. Чашмаи Кулло кай соҳиби майдон мешавад?”) мавод нашр карда, умедвор будем, ки масъулон баъд аз чопи ин матлаб ба доди ҷавонони деҳа мерасанд. Аммо сад афсус, ки мушкилоти ҷавонон ҳамон тавре ки буд, ҳамон хел боқӣ монд...
Дар баробари ин, роҳбарият Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма»-ро иҷро накарданд.
Мо хостем бори дигар сари ин матлаб баргардем.
Дар суҳбат мардуми деҳа зикр намуданд, ки аз набудани иншооти варзиш, аз қабили майдонҳои футбол, валейбол ва баскетбол, танқисӣ мекашанд. Ҷавонони деҳа иброз доштанд, ки борҳо ба масъулон оид ба ин масъала муроҷиат карданд, вале он бе натиҷа монд.
Аз вазъи деҳа ва мушкилоти ҷавонон роҳбарияти Ҷамоати деҳоти Қади Об огаҳ аст. Дар робита ба ин, Соҷиддулло Набиев, раиси Ҷамоати деҳоти мазкур, дар суҳбат бо мо чунин гуфт: “Воқеан, дар деҳаи Чашмаи Кулло чунин мушкилот ҷой дорад ва кӯшиш мекунем, ки бо ҷалби соҳибкорон майдони футбол ва толори варзиш бунёд намоем. Ҳамчунин, дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд дар деҳаи мазкур майдони хурди футбол ва толори варзиш бунёд шавад”. Вале аз оғози давраи омодагиҳо ба ин Ҷашни миллӣ ду сол сипарӣ мешаваду то ҳол ягон натиҷа нест.
Ин ваъдаҳоро мо пештар ҳам аз забони масъулон шунида будем...
Бояд гуфт, ки мо борҳо ин мушкили ҷавонони деҳаро ба масъулин мерасондем, мутаассифона, онҳо бо ваъдаҳои холӣ дили моро пур мекарданд. Аз ҷумла, моҳи майи соли 2021 Олимшоҳ Ҷамолзода, собиқ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, зимни суҳбат иброз дошта буд, ки дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳот бояд майдончаҳо бунёд шаванд. Сисолагии Истиқлоли давлатӣ гузашту аз бунёди майдонҳои варзишӣ дар деҳаи зикршуда дараке нест.
Воқеан, Ҷамоати деҳоти Қади Об ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба арзу шикояти сокинон ками дар кам аҳамият медиҳанд. Масъулон гӯё одат карда бошанд, ки ба арзу шикояти аҳолӣ беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Бетаваҷҷуҳӣ ба мушкилоти сокинони деҳа далели ҳамин гуфтаҳост. Чунин муносибат то кай идома меёфта бошад? Суолест, ки аз масъулон посух мехоҳад.
Ҷавонони деҳот мегӯянд, ки имрӯзҳо ба хотири бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол ба дигар деҳаҳои шаҳр мераванд, ки ин, аз як тараф, ноқулай аст, аз ҷониби дигар, боиси норозигии ҷавонони деҳаҳои дигар мегардад. Аз ин рӯ, хоҳони онанд, ки мисли дигар деҳаҳо майдони футбол дошта бошанд. Ҷавонони деҳа бо як руҳияи шикаста баён медоранд, ки аз чӣ сабаб бошад, ягон майдончаи варзиш дар деҳаи Чашмаи Кулло бунёд намегардад?
Боздиди мо аз деҳоти мазкур нишон дод, ки ин мушкилот на дар як деҳа, балки дар аксари деҳаҳои он дида мешавад. Бо назардошти шароите, ки имрӯз дорем, бунёди майдончаи футбол кори чандон душвор нест. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бунёду навсозии майдончаҳои варзиш ба ҳукми анъана даромадааст. Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки ҳанӯз ҳам аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ барои бунёди як майдончаи варзиш иқдоме гирифта нашудааст.
Аз ин рӯ, роҳбарияти Ҷамоати деҳотро зарур аст, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта чораҳои зарурӣ андешанд. Ё масъулон андешаи дигар доранд?!
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.05.2023 №: 100 - 101