Дастархони идона дар қисмҳои низомӣ

31 декабр 2025, Чоршанбе
12

Дастархони идона дар қисмҳои низомӣ

  

Артиши миллӣ ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар иду ҷашн дар қисмҳои низомии ҳудуди вилояти Суғд барои диловарони Ватан дастархони идона ороста шуда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маҳсулоти зарурии хӯрокворӣ ҷудо мегардад.

Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз қисмҳои низомӣ дар шаҳри Исфара афсарону сарбозонро бо Соли нав табрик намуд. Таъкид гардид, ки хизматчиёни ҳарбӣ бо ҷасорату шуҷоат дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи Ватан ва таъмини оромиву осудагӣ дар кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ ба ниҳоди пурқудрат табдил ёфта, шароити хидмату будубоши афсарону сарбозон сол ба сол беҳтар мегардад.

Аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳайати шахсӣ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ дастархони идона ороста шуд.

Фарзандони содиқи Ватан бо эҳсоси шукргузорӣ аз таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамешагӣ бо масъулияти баланд қарзи шаҳрвандии худ — хидмати Модар-Ватанро сарбаландона ба ҷо меоранд.

У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252