ИФРОТГАРОӢ ВА ЯК РОҲИ ПЕШГИРӢ ё санъати мусиқӣ чӣ гуна метавонад ба дари он қуфл занад

07 январ 2026, Чоршанбе
26

ИФРОТГАРОӢ ВА ЯК РОҲИ ПЕШГИРӢ

ё санъати мусиқӣ чӣ гуна метавонад ба дари он қуфл занад?

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари дигар самту соҳаҳо ба рушди санъати мусиқӣ ҳам таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, зимни ироаи Паёми навбатӣ аз 16-уми декабри соли 2025 ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг дастур доданд: “бо дарназардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, ҷиҳати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ тадбирҳои зарурӣ андешанд”.

Ҳадаф аз бунёди мактабҳои мусиқӣ ва дар феҳристи шахсиятҳои бузурги фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи Борбади Марвазӣ танҳо муаррифии фарҳанги миллӣ нест, балки дар қатори дигар омилҳои тарбиявӣ ва баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон омӯзишу рағбати мусиқӣ василаи созгор арзёбӣ мешавад. Дар робита ба ин, дар пасманзари бедор намудани ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ бо роҳи боло бурдани завқи наврасон ба олами санъати мусиқӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву гаравидан ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ меистад. Лиҳозо, дар баробари дигар фанҳои омӯзишӣ, аз қабили таърих, забон, адабиёт ва ҳуқуқ дарс ва шуғли мусиқӣ ҳам яке аз роҳҳое ба шумор меравад, ки наврасону ҷавононро метавон бо он аз вартаи фирқаҳои ифротӣ дар канор нигоҳ дошт.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз замони пайдоиши терроризму экстремизм ягон ҳунарманд, санъаткор, мусиқишинос ва ё дӯстдорони зебоиву дилбохтагони мусиқӣ ба сӯйи қатлу куштор нарафтаанд. Чаро нарафтаанд ва ё намераванд? Тавре коршиносон мегӯянд, мусиқӣ танҳо санъат нест, балки он ба шуур, ба руҳу равон ҳатто ба ҷисми мо низ таъсири мусбат дорад. Даниел Левитин, нейробиолог, мусиқидон ва нависанда, дар китоби худ “Ин мағзи сари шумо дар бораи мусиқӣ аст” шарҳ медиҳад, ки чаро омӯхтан ва фаҳмидани мусиқӣ муҳим аст. Ӯ менависад, ки мусиқӣ одамонро ҳушёру доно мекунад. Чӣ қадаре, ки мо мусиқиро беҳтар дарк кунем, ҳамон қадар худро беҳтар ҳис мекунем: ангезаҳо, тарсҳо, хоҳишҳо, хотираҳо ва ҳатто рафторамон дигар мешаванд.

Мусиқӣ ба навозандагон, бахусус онҳое, ки дар кӯдакӣ навохтанро сар кардаанд, таъсири боз ҳам қавитар дорад. Як таҳқиқот дар ин маврид нишон дод, ки омӯзиши мусиқӣ ба рушди устувори тафаккур мусоидат мекунад. Дар мусоҳиба бо “News in Health”, неврологи институти тиббии Ҳарвард Готтфрид Шлауг изҳор медорад, ки системаи асаби мусиқинавозон аз системаи асаби одамоне, ки ба мусиқӣ машғул нестанд, фарқ мекунад. Мағзи мусиқинавоз байни нимкураҳо робитаҳои бештар дорад.

Эҷоди мусиқӣ қисмҳои гуногуни мағзи сар, аз ҷумла системаҳои визуалӣ, шунавоӣ ва ҳаракатиро, фаъол мекунад. Аз ин рӯ, навиштани оҳангҳо метавонад роҳи табобати бемориҳои асаб бошад.

Дон Кент, дар асари худ “Таъсири мусиқӣ ба бадан ва ақли инсон” далелҳои ҷолиберо дар бораи таъсири мусиқӣ ба рушди ҷисмонии инсон пешниҳод мекунад. Муҳаққиқ зикр мекунад, ки мусиқӣ ба бисёр равандҳои биологиву физиологӣ, аз ҷумла кори дил, нафаскашӣ ва фишори хун таъсир дорад ва хастагиро рафъ мекунад.

Мавриди зикр аст, ки ҳанӯз Афлотуни бузург гуфта буд, ки истифодаи мусиқӣ барои табобати изтироб мусоидат мекунад. Дар ҳоле ки Арасту ин намуди санъатро воситаи рафъи ноустувории эмотсионалӣ меҳисобид.

Бо назардошти далоили мазкур, зикр кардан ба маврид аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар робита ба рушди санъати мусиқӣ бисёр санҷидашуда ва саривақтист. Чунончи, зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2024 низ ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, роҳбарони шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маркази ҳар шаҳру ноҳияи мамлакат барои истеъдодҳои наврасу ҷавон як мактаби мусиқӣ сохта, ба истифода диҳанд.

Воқеан, агар мо бо бунёди макотиби мусиқӣ дар кишвар тавонем завқи мусиқии наврасону ҷавононамонро бедор созем, пас бо боварӣ гуфта метавонем, ки аз миёни наслҳои минбаъда дигар касеро намебинем, ки ба ифротиён пайванданд.

Шодмон АБДУРАҲИМ,

“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 7.01.2026 №: 3