БАРТАРИҲОИ БУНЁДИ МАҶМААҲОИ КОРКАРДИ МАЪЛУМОТ ДАР ТОҶИКИСТОН: ҚАДАМИ СТРАТЕГӢ БА СӮЙИ ОЯНДАИ РАҚАМӢ
Таъсиси маҷмааҳои марказҳои коркарди «маълумоти сабз» бо истифода аз захираҳои гидроэнергетикии фаровон барои Тоҷикистон як қатор манфиатҳои стратегӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дорад. Ин иқдоми муҳим метавонад кишвари моро ба як маркази муҳими рақамии минтақавӣ табдил диҳад ва дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеашро таҳким бахшад.
МАНФИАТҲОИ АСОСӢ
Яке аз бартариятҳои асосии иқдоми мазкур ин манфиати иқтисодӣ ва сармоягузории он мебошад. Масалан, ширкатҳои бузурги технологии ҷаҳон, ба монанди Google, Microsoft, Amazon, ҳамеша дар ҷустуҷӯйи энергияи арзон ва «сабз» барои марказҳои коркарди маълумоти худ ҳастанд. Мавҷудияти захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ ва шароити табиӣ барои бунёди чунин инфрасохтор метавонад диққати сармоягузорони бузургро ҷалб намояд. Дар баробари ин, мавҷудияти марказҳои коркарди маълумот дар дохили кишвар имкон медиҳад, ки Тоҷикистон аз фурӯши тавоноиҳои ҳисоббарорӣ ва нигоҳдории маълумоти ширкатҳои хориҷӣ даромади устувори асъориро таъмин намояд.
Тавре Анвар Қодирӣ, директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои рақамии АМИТ, иброз медорад, бунёди маркази коркарди маълумот ба рушди технологӣ ва таҳкими иқтисоди рақамии мамлакат мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки кулли маълумот дар шакли рақамӣ дар дохили кишвар бе сарфаи зиёди маблағ ва кафолати амнияти миллӣ нигоҳдорӣ шавад.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз марказҳои коркарди маълумот на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон яке аз воситаҳои асосии рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва экология ба шумор рафта, дар самти рақамикунонӣ саҳми муҳим мегузоранд, зеро дар асоси маълумоти чандинсола метавон тамоми бахши иқтисодиётро амсиласозӣ ва пешгӯйӣ намуд ва устувории иқтисодиёту иҷтимоиётро таъмин кард.
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАХИРАҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ
Дар сурати сохтани маҷмааи марказҳои коркарди маълумот дар дохили мамлакат метавон тиҷорати самараноки барқро амалӣ кард. Яъне, Тоҷикистон ба ҷойи фурӯши барқ ба хориҷа бо нархи паст метавонад онро барои коркарди маълумот истифода бурда, маҳсулоти технологии бо арзиши баланди изофа содир намояд. Гузашта аз ин, дар мавсими гармо, ки неруи барқ ва об барзиёд мешаванд, махзани додаҳо метавонад энергияи изофиро самаранок ба кор барад.
Дар ин хусус Анвар Қодирӣ иброз медорад, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги энергетикӣ, махсусан энергияи барқароршаванда, мебошад, бинобар ин, сохтани маҷмааи коркарди «маълумоти сабз» бо истифода аз иқтидори гидроэнергетикӣ барои кишвари мо манфиатовар аст. Дигар мамлакатҳо низ метавонанд марказҳои коркарди маълумоти худро дар Тоҷикистон созанд, ки ин ҳам аз нигоҳи истифодаи энергия ва ҳам аз ҷиҳати субсидияҳои экологӣ ва дигар ҷабҳаҳои иқтисодӣ муфид аст. Барои ин, мо бояд бештар дар ин масъала бо дигар кишварҳо гуфтушунид намоем ва сармоягузориҳои хориҷиро ҷалб созем.
АФЗАЛИЯТИ ҶУҒРОФӢ ВА ЭКОЛОГӢ
Бояд гуфт, ки маркази коркарди маълумот барои хунуккунии серверҳо энергияи зиёд сарф мекунад. Дар шароити Тоҷикистон, хусусан дар минтақаҳои кӯҳӣ, ҳарорати пасти табиӣ имкон медиҳад, ки хароҷоти хунуккунӣ ба таври назаррас кам карда шавад. Гузашта аз ин, истифодаи сад фоизи гидроэнергетика ба талаботи ҷаҳонии коҳиши партови газҳои гулхонаӣ ҷавобгӯ буда, бренди Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсафи «иқтисоди сабз» тақвият медиҳад.
Дар Тоҷикистон барои сохтани чунин марказҳо, нигаҳдорӣ ва бехатарии он якчанд нақшаву чорабиниҳо таҳия шудаанд. Барои пешбурди ин самт Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ муваззаф мебошанд.
Дар кишварамон дар ин самт пешравиҳои назаррас дида мешаванд. Яке аз марказҳои коркарди «маълумоти сабз» дар минтақаи Дарвоз бунёд шудааст, ки аз нигоҳи экологӣ тоза буда, қувваи барқ пурра аз энергияи барқароршаванда гирифта мешавад. Инчунин, барои муътадилсозии ҳавои он шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, барои хунук кардани он аз ҳавои табиӣ ва об ба таврии васеъ истифода мебаранд.
ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАШАББУСКОР ДАР САМТИ РАҚАМИКУНОНӢ
Сохтмони маҷмааи марказҳои коркарди маълумот дар Тоҷикистон як қадами стратегӣ ба сӯйи иқтисоди рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ин, татбиқи чунин лоиҳаҳои бузурги технологӣ дар кишвар бо як қатор мушкилоти техникӣ, инфрасохторӣ, иқтисодӣ ва кадрӣ рӯбарӯст. Барои бартараф кардани ин мушкилот Ҳукумати мамлакат ба ҷалби сармояи хориҷӣ рӯ оварда, кӯшиш дорад, ки аз ҳисоби сохтмони неругоҳҳои нави гидроэнергетикӣ устувории барқро таъмин карда, инфрасохтори рақамиро рушд диҳад. Ин аст, ки сол ба сол иқдомҳои бузурги технологӣ дар самти рақамикунонӣ бештар мегарданд. Яке аз онҳо аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузоштани санги асос ба сохтмони маҷмааи муосири «IT Hub Dushanbe» (9-уми июни соли 2026) мебошад. «IT Hub Dushanbe» бузургтарин лоиҳаи инфрасохтории соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ буда, ба рушди зеҳни сунъӣ, соҳибкории технологӣ, таҳқиқоти илмӣ ва омодасозии мутахассисони соҳа равона шудааст.
Боиси хушнудист, ки солҳои охир дар Тоҷикистон бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ ташаббусҳои муҳиме роҳандозӣ гардида истодаанд, ки на танҳо барои Тоҷикистон, балки Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон аҳамияти бузург доранд. Намунаи ахири он дар СММ қабул шудани пешниҳод оид ба эълон намудани 31-уми август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод мебошад. Ин, пеш аз ҳама, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешқадам дар самти рақамикунонӣ муаррифӣ намуда, дар навбати худ, имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои ояндабахши сармоягузории байналмилалӣ дар ин самт ҷалб карда шаванд.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 24.11.2026 №: 227
