ЭМОМАЛӢ РАҲМОН Поягузори рушду шукуфоии Тоҷикистони навин

08 январ 2026, Панҷшанбе
30

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Поягузори рушду шукуфоии Тоҷикистони навин

Истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва оромиву сарҷамъӣ барои ҳар як миллат дастоварди муқаддас ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки миллати мо тули ҳазорсолаҳо бо орзую ормони давлати озоду мустақил зиндагӣ дошт ва имрӯз бо азму талоши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдомҳои созанда ва талошҳои хастагинопазир дар масири рушд қадамҳои устувор мегузорад.

Хушбахтона, дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони халқ ва солимфикрон, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барқарор намудани сулҳу субот масъалаи аз ҳама муҳим ба шумор мерафт.

Аз рӯзҳои нахустини интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маснади роҳбарӣ мардумро эҳсоси расидан ба рӯзҳои нек фаро гирифта буд, зеро Сарвари давлат таъкид намуда буданд: «Мо ба хотири созандагӣ ба музокирот ба ҳамаи неруҳое, ки барои наҷот додани Тоҷикистон аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ манфиатдоранд, омода ҳастем. То он даме, ки мо сулҳу оромиро дар хонаи хеш барқарор насозем, силоҳро гузошта, ба кори созандагӣ шуруъ накунем, кумаки ягон ҳамсоя ҳоли моро беҳ намесозад. Танҳо бо иттиҳод мо метавонем, Тоҷикистонро аз хатари ҳалокат ва парокандагӣ наҷот дода, онро ба давлати пешрафта ва соҳибистиқлол мубаддал гардонем».

Маҳз ҷасорату матонати сиёсӣ ва садоқати беназири муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, алалхусус қудрат ва тавони бахшидан, авф кардану таҳаммули ҳарфи мухолифинро шунидан имкон дод, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ хотима ёбад.

Масъалаҳои ҳаётан муҳиме, ки дар кори Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон ҳукми қонунӣ гирифт, пеш аз ҳама аз инҳо иборат буданд:

– ба халқи азияткашидаи кишвар роҳбари сазовор, яъне Пешвои муаззами миллатро дод;

– пеши роҳи ба гирдоби фано рафтани миллату давлат гирифта шуд;

– ҷангу нооромиҳои сиёсиро ба сулҳу якпорчагӣ иваз намуд;

– сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро барқарор намуда, ба ислоҳоти конститутсионӣ оғоз бахшид;

– барои қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ муҳайё намуд;

– Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имконпазир гардонид;

– ба низоми фалаҷгардидаи иқтисоди кишвар ислоҳоти иқтисодиро фароҳам овард;

– кишвари моро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, ягона ва демократӣ дар байни кишварҳои хориҷӣ муаррифӣ намуд.

Ҷаҳду талошҳои хастагинопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолии кишварамон баҳри ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, Ваҳдати миллӣ, пешрафту ободӣ ва муаррифии Тоҷикистони азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ буд, ки имрӯз кишвари моро ҳамчун кишвари сулҳофар, ташаббускор, соҳибистиқлол, соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва амнтарин кишвари дунё эътироф менамоянд.

Тамоми дастоварду муваффақиятҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз сарҷамъу муттаҳидии халқи азизамон зери сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарварии насли ҷавону матиниродаи давлату миллат, имрӯз низ идома дорад.

Ҳамин тавр, бинобар муҳимияти истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ ҷиҳати таҳкиму тақвият бахшидани низоми иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ саҳми ватандӯстона гузоштан қарзи шаҳрвандии ҳар сокини кишвар маҳсуб меёбад.

Ҷамшед СОЛИҲОВ,

муовини сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 8.01.2026 №: 4