Пешвои миллат ба пайвандони ду ҳамсангари ҷонфидо хона тақдим намуданд
ЗИРЕҲБОН ВА ИСМАТУЛЛО
Пешвои миллат ба пайвандони ду ҳамсангари ҷонфидо хона тақдим намуданд
Аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамсар ва фарзандони ду сарбози далер ва ҷонфидоёни марзу буми Меҳан Зиреҳбон Наврӯзбеков ва Исматулло Қурбонов дар марказҳои вилоятҳои Хатлон ва Бадахшон хонаҳо тақдим шуд.
Бояд гуфт, ки Пешвои миллат дастгирии иҷтимоии хонаводаҳои шаҳидон ва мардони низомиро ҳамеша дар маркази сиёсати давлат қарор дода, ҷоннисориҳои онҳоро нишони волотарини ватандӯстӣ ва садоқат ба давлат арзёбӣ менамоянд.
ЗИРЕҲБОН ЗИРЕҲИ ЗИНДАИ ВАТАН ШУД
Зиреҳбон ва Исматулло, ду ҳамсангари қарин, ду дӯсти яке хатлониву дигаре бадахшонӣ моҳи декабри соли гузашта зимни задухӯрди мусаллаҳона ва дар рафти пешгирии амали террористӣ қаҳрамонона ҷон нисор карданд.
Воқеа чунин рух дод. Шаби 23-юми декабри соли 2025, тақрибан соати 23:30, се узви ташкилоти террористӣ аз қаламрави Афғонистон ба минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии № 5-и «Боғ»-и Отряди сарҳадии «Сарчашма», воқеъ дар мавзеи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ғайриқонунӣ ворид шуданд. Онҳо мехостанд дидбонгоҳҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-ро нобуд созанд. Дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ ҳар се террорист безарар шуданд, аммо бар ивази фидо шудани ду гурди тоҷик.
Зиреҳбони 33-сола зодаи ноҳияи Шуғнон буда, бар ивази ҷони ҷавонашон марзи Ватанро аз ҳамлаи душманон наҷот дод. Бояд гуфт, ки ин фарзанди садоқатманд сазовори номи хеш гашт. Азбаски зиреҳ дар фарҳанги мо ба маънии ҷавшан, либоси оҳании ҷангӣ ва, ҳамзамон, номи қаҳрамоне аз “Шоҳнома” аст, ӯ низ ҷавшани Меҳан гардид. Ӯ ба ҷисму ҷони хеш, ки дар дили шаб зиреҳи зиндаро мемонд, шаш тир хӯрд ва мардонавор фавтид.
Ҳатто замони пеш чунин одат буда, ки агар сарлашкар дар ҷанг ҳалок гардад, касе сарлашкар мешуд, ки зиреҳи сарбози шаҳид ба ӯ муносиб ояд. Яъне, зиреҳи сарлашкарон азим ва вазнин мешуд, онро касе пӯшидаву бардошта метавонист, ки тануманду ҳузарб ва шоистаи майдондорӣ бошад. Дар китоби “Анвори Суҳайлӣ” чунин омада: “Ин зиреҳ ба қадди ҳар кас, ки рост ояд, ӯро пешвои лашкар кун”.
Зимни тақдими калиди хона дар шаҳри Хоруғ ба хонаводаи Зиреҳбон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ изҳор намуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, бавижа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи тоҷик қаҳрамонӣ ва ҷонсупории чунин фарзандони сарфарозро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.
ИСМАТУЛЛО ИСМАТИ МЕҲАНАШРО
ҲИФЗ НАМУД
Исмат дар луғатҳо ба маъниҳои покдоманӣ, иффат, бегуноҳӣ омада, хосси мардонест, ки барои иффату ҳаёи модару ҳамсару хоҳар ва покдомании дашту дамани Ватан истодагарӣ мекунанд. Исматулло Қурбонови 28-сола ҳам барои ин арзишҳои волои инсонӣ фидо шуд ва Тоҷикистону халқи азизи он чунин корномаро қадр кард. Ӯ дар дили шаб дар сарҳади Ватан тир хӯрд ва ба жарфнои яке аз мавзеъҳо сарозер афтод. Баъди якшабонарӯзи амалиёти низомӣ тани беҷонашро ёфтаву ба хок супурданд. Ба хок рафт, аммо дар хоки Ватан, дар хоки кишвар рафтани ӯ ба осмони ифтихор баромадани ӯст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид чанде пеш ба Ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ омада, аз аҳволи хонаводаи майор, гурди содиқ Исматулло хабар гирифт.
Нахуст ба падару модар ва ҳамсари шаҳид изҳори ҳамдардиву таслият намуда, таъкид кард, ки корномаи фарзандони Ватан дар саҳифаҳои пурифтихори таърихи давлатдории миллӣ сабт мегардад.
Мавриди зикр аст, ки фидокории ин ду ҷавонмард нишонаи ҳушёрии сиёсӣ, шуҷоат ва омодагии ҳамешагӣ ҷиҳати ҳифзи амнияти давлату миллат буда, номашон ҳамчун сипарони Меҳан боқӣ хоҳад монд.
Хуш бод, ки аз шумо нишон мемонад,
Бар бахти ҳама Ватан амон мемонад.
Азбаски ҷавон аз ин ҷаҳон бигзаштед,
Гулбоғи Ватан тару ҷавон мемонад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.01.2026 №: 6