ЧАРОҒИ РАҲНАМО

12 январ 2026, Душанбе
11

ЧАРОҒИ РАҲНАМО

Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф, мақоми омӯзгор, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир намуда таъкид менамоянд: «Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».

Бо ифтихор бояд гуфт, ки дар даврони истиқлол маҳз бо саъю кӯшишҳои хастагинопазири Пешвои муаззами миллат соҳаи маориф ба дастовардҳои чашмрас ноил гардид. Бунёди кӯдакистону дабистонҳо, мактабҳои президентӣ, муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, интернатҳо, донишгоҳу донишкадаҳои замонавӣ, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардондани раванди таълим, таъсиси квота ва стипендияи президентӣ, эълони озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ташкили Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илму техника барои ҷавонон, Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои устодон ва омӯзгорон дар риштаи илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, риёзӣ ва амсоли инҳо натиҷаи пурсамари сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари хирадоини кишвар ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, дар баробари бунёду таҷдиду навсозии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (16-уми декабри соли 2025) иброз доштанд: «Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум, панҷу ним баробар зиёд мебошад».

Ҳамчунин, тибқи супориши Президенти мамлакат аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф 20 фоиз зиёд мешаванд.

Ин ҳама дастгириҳо баҳри соҳибмаърифту соҳибкасб гардидани насли ҷавон мебошад, зеро танҳо ашхоси донишманду ҳунарманд метавонанд дар пешрафти Ватани маҳбуби хеш саҳми шоиста гузоранд. Бо итминон метавон иброз дошт, ки дастгириҳову ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба соҳаи илму маориф комёбиҳои нав ба навро ба бор хоҳад овард ва дар ояндаи наздик Тоҷикистон дар радифи кишварҳои мутараққии олам қарор мегирад.

М. САИДЗОДА, омӯзгори кафедраи ҷомеашиносии ДМТ

Санаи нашр: 12.01.2026 №: 6