БОБОҶОН ҒАФУРОВ. ТО СОЛИ 2027 МАРҲАЛАИ АВВАЛИ КОРХОНАИ ҒАНИГАРДОНИИ МАЪДАНИ ОҲАН БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ МЕНАМОЯД

13 январ 2026, Сешанбе
28

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик», воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шинос гардид.

Ин корхона нахустин корхонаи ғанигардонии маъдан дар Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ мебошад.

Корхона бо сармояи ватанӣ бунёд ёфта, бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ҷиҳати истихроҷ, коркард ва ғанигардонии маъдани оҳан, инчунин, истеҳсолу содироти маҳсулоти босифат фаъолият хоҳад кард. Тибқи иттилои масъулон, то имрӯз наздики 50 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ идома дорад. Захираи маъдани оҳан дар ин кон тақрибан 60 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Корхона дар ду марҳала – марҳалаи аввал то соли 2027 ва марҳалаи дуюм то соли 2031 ба кор дароварда хоҳад шуд. Иқтидори лоиҳавии солонаи он истихроҷ ва коркарди 2,5 миллион тонна маъдан буда, аз он 1,1 миллион тонна консентрати истеҳсолӣ ба даст меояд. Ҳамзамон, аз ин кон дигар маъданҳои сиёҳ ва рангаи ҳамроҳ низ истеҳсол хоҳанд шуд. Маҳсулоти корхона на танҳо ивазкунандаи воридот аст, балки қисми зиёди он ба содирот нигаронда мешавад.

Ҳоло дар корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизот зиёда аз 800 нафар мутахассис дар 15 қитъа фаъолият дорад. Пас аз ба кор даромадани марҳалаи аввали корхона 1200 нафар ва баъди пурра ба истифода додани он беш аз 2000 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегардад.

Раҷаб Аҳмадзода аснои шиносоӣ зикр кард, ки бунёди чунин корхонаи азими саноатӣ қадами устувору муҳим буда, ба таъсиси ҷойҳои нави кор, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад кард.

Кароматулло АТО,

«Ҷумҳурият»


Санаи нашр: 13.01.2026 №: 7