Эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба миллат аст

13 январ 2026, Сешанбе
27

ДАВЛАТДОРӢ

Эҳтиром ба омӯзгор эҳтиром ба миллат аст

Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгорон ва беҳтар кардани вазъи иҷтимоии онҳо таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд. Инак, дар ин ҷода боз як қадами устуворе гузошта шуд. 17-уми декабри соли гузашта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида буд, ба тасвиб расид. 

Қонуни мазкур аз 6 боб ва 16 модда иборат буда, тамоми паҳлуҳои ҳаёти касбӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии омӯзгорро фаро мегирад. Он бо ҳадафи баланд бардоштани мақоми иҷтимоиву ҳуқуқӣ, таъмини кафолатҳои давлатӣ, ҳимояи шаъну шараф ва рушди касбии омӯзгорон таҳия шудааст.

Мувофиқи моддаи 8, ҳуқуқу манфиатҳои омӯзгор таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Ҷалби омӯзгор ба корҳои ғайритаълимӣ манъ буда, давлат вазифадор аст, ки шароити мусоиди корӣ ва эҳтироми омӯзгорро таъмин намояд. Ҳамчунин, Қонун муқаррар менамояд, ки омӯзгорон аз муоинаи тиббии ройгон ва хизматрасониҳои солимгардонӣ баҳраманд шаванд. Ин иқдом яке аз аввалин кафолатҳои иҷтимоии мустақим барои омӯзгорон дар сатҳи қонунгузорӣ мебошад.

Дар моддаи 9 пешбинӣ шудааст, ки ба омӯзгороне, ки дараҷа ё унвони илмӣ доранд ва мувофиқи ихтисос фаъолият мекунанд, 30 дарсад иловапулӣ ба музди меҳнат аз ҳисоби як манбаъ пардохт гардад. Бешубҳа, ин як қадами муҳим дар самти ҳавасмандгардонии кадрҳои баландихтисос дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад.

Тибқи моддаи 11, омӯзгорон аз як қатор имтиёзҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ баҳра мебаранд. Таъхири хизмати ҳатмии ҳарбӣ барои омӯзгорон, гирифтани таҳсилоти дуюми олии равияи омӯзгорӣ ба таври ройгон, дастрасӣ ба барномаҳои давлатии дастгирии иҷтимоӣ ва манзил, афзалият дар гирифтани қарзҳои имтиёзнок ва барномаҳои ҳавасмандгардонӣ имтиёзҳои наве ҳастанд, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд.

Қонун танҳо ҳуқуқи омӯзгорро муайян намекунад. Дар он, ҳамзамон, уҳдадориҳои омӯзгор низ ба таври возеҳ зикр шудаанд. Дар моддаи 6 омадааст, ки омӯзгор бояд хонандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, инсонпарварӣ ва ахлоқи нек тарбия намояд. Муносибати беғаразона бо хонандагон, қатъи назар аз миллат, дину мазҳаб ва вазъи иҷтимоӣ низ яке аз меъёрҳои асосии Қонун мебошад.

Ин Қонун, дар асл, сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст, зеро на сармояи табиӣ ва на захираҳои иқтисодӣ, балки зеҳну дониши инсонӣ асоси рушду пешрафти ҳар кишвар мебошад. Ва омӯзгорон маҳз меъморони ин сармояанд.

Таҳмина ШАРИФОВА,

омӯзгори МТМУ №12-и ноҳияи Данғара