АҲАМИЯТИ ТАШАББУСИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ТАВАССУТИ ЭҲЁИ ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ
Бо мақсади таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифз ва тавсеаи ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор ва мероси ғании маънавию фарҳангии халқи тоҷик, инчунин, бузургдошти хидматҳои абармардони роҳи илму адаб, сиёсату давлатдорӣ ва муборизаҳои озодихоҳонаи миллат дар тули асрҳо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо диди амиқи таърихӣ ва эҳсоси масъулияти баланди миллӣ иқдоми навбатии созанда, фарҳангӣ ва сарнавиштсозро пешниҳод ва роҳандозӣ намуд. Ин ташаббус, ки аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад, идомаи мантиқии сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳамчун посухи хирадмандона ба зарурати ҳифзи пояҳои маънавӣ, таърихӣ ва тамаддунии миллат зуҳур менамояд.
Моҳияти ин иқдом аз он иборат аст, ки бо арҷгузорӣ ва эҳтироми амиқ ба шахсиятҳои таърихсоз дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе Маҷмааи таърихию фарҳангии эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ таъсис дода шуда, хоки мазори бузургони халқи тоҷик, ки имрӯз оромгоҳҳои онҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон қарор доранд, ба пойтахти кишвар оварда мешаванд ва инчунин, оромгоҳи бузургоне, ки дар қаламрави кишваранд, бо тарҳи нав бозсозӣ мешаванд. Ин бузургон дар давраҳои мухталифи таърих бо андеша, қалам, ҷоннисорӣ, сиёсати хирадмандона ва муборизаҳои сарнавиштсоз барои бақо, озодӣ, истиқлол ва шарафи миллати тоҷик хидматҳои беназир анҷом додаанд. Бо овардани хоки мазори онҳо дар шаҳри Душанбе бунёди як маҷмааи бузурги таърихию фарҳангӣ пешбинӣ мегардад, ки дар доираи он мақбараҳои рамзии ин шахсиятҳои барҷаста сохта мешаванд. Ин мақбараҳои рамзӣ ҳамчун нишони ҳузури маънавии бузургони миллат дар қалби давлату ҷомеа хидмат намуда, хотираи таърихиро дар як фазои воҳид гирд меоранд.
Маҷмааи таърихию фарҳангии пешбинишуда на танҳо иншооти меъморӣ, балки фазои рамзӣ ва маънавии миллӣ хоҳад буд, ки дар он гузашта, имрӯз ва ояндаи миллати тоҷик ба ҳам мепайванданд. Мақбараҳои рамзии бузургони миллат, ки хоки мазори онҳо аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон оварда мешавад, ба зиёратгоҳи умумихалқӣ табдил меёбанд. Ин макон ҷойи зиёрати мардум, макони андеша, ибрат ва худшиносӣ гардида, нишони равшани арҷгузорӣ ва эҳтироми хоссаи давлат ва ҷомеа нисбат ба фарзандони бузурги миллат хоҳад шуд. Дар ин фазо эҳсоси ифтихор аз таърихи пуршараф, эҳтиром ба ҷоннисориҳои гузаштагон ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ барои ояндаи давлату миллат тақвият меёбад.
Аз нигоҳи мантиқ ва аҳамияти таърихӣ, ин ташаббус идомаи табиии суннатҳои давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад. Дар тули таърих тоҷикон ҳамеша ба бузургони худ арҷ мегузоштанд, хотираи онҳоро ҳифз менамуданд ва аз таҷрибаи таърихӣ ҳамчун сарчашмаи ҳикмат истифода мекарданд. Дар шароити имрӯз, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ, бархӯрди фарҳангҳо ва таҳдидҳои маънавию иттилоотӣ шиддат гирифтаанд, эҳёи хотираи таърихӣ ва гиромидошти шахсиятҳои миллӣ аҳамияти дучанд пайдо мекунад ва бунёди чунин маҷмаа ҳамчун як сипари маънавӣ хидмат намуда, ҳувияти миллиро аз фаромӯшшавӣ, таҳриф ва бегонашавӣ ҳифз менамояд.
Дар ин замина, бояд махсус таъкид кард, ки ин иқдоми созанда ва фарҳангӣ аз ҷониби Рустами Эмомалӣ, ҳамчун пайрави асили сиёсати хирадмандона, фарҳангпарварона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад. Маҳз дар партави роҳнамоӣ ва таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат оид ба аҳамияти худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳёи хотираи таърихӣ, арҷгузорӣ ба бузургони миллат ва таҳкими пояҳои маънавии давлатдорӣ, чунин ташаббусҳои сарнавиштсоз шакл гирифта, ба марҳалаи татбиқ мерасанд. Ин иқдом далели равшани идомаи мактаби бузурги давлатдории миллӣ мебошад, ки Пешвои миллат онро дар тули даҳсолаҳо бунёд ва таҳким бахшидаанд.
Рустами Эмомалӣ бо ин ташаббус худро ҳамчун сиёсатмадори андешаманд, вориси мактаби бузурги давлатдории миллӣ ва пайрави содиқи арзишҳое муаррифӣ менамояд, ки Пешвои миллат дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор додаанд. Таваҷҷуҳ ба таърих, эҳтиром ба шахсиятҳои барҷаста, гирдоварии рамзии хотираи онҳо дар пойтахти кишвар ва табдил додани он ба маркази маънавӣ паёми равшан ба ҷомеа ва махсусан, ба насли ҷавон мебошад, ки миллати тоҷик бо таърихи худ ифтихор дорад, решаҳои худро мешиносад ва бар пояи ин худшиносӣ роҳи рушди устувор ва ояндаи дурахшонро интихоб мекунад.
Маҷмааи таърихию фарҳангии мазкур метавонад ба як маркази бузурги тарбиявӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ табдил ёбад. Дар ин макон баргузории чорабиниҳои илмӣ, конфронсҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамоишҳои илмӣ, барномаҳои ватандӯстӣ ва вохӯриҳои насли ҷавон бо олимон ва аҳли зиё имконпазир мегардад. Барои ҷавонон ин Маҷмаа як мактаби зиндаи таърих хоҳад буд, ки дар он на танҳо аз китобҳо, балки аз фазои зиндаи рамзӣ дарси ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ гирифта мешавад. Ҳамин тариқ, ташаббуси мазкур на танҳо ба гузашта нигаронда шудааст, балки ба ояндаи давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа равона гардидааст.
Аҳамияти иҷтимоӣ ва сиёсии ин иқдом дар он зоҳир мешавад, ки он эҳсоси ҳамбастагӣ ва пайванди наслҳоро тақвият мебахшад. Вақте ки шаҳрвандон дар як макони рамзӣ хотираи бузургони миллатро эҳтиром мекунанд, ҳисси умумияти сарнавишт, масъулият ва ифтихори миллӣ боз ҳам қавитар мегардад. Ин ташаббус нишон медиҳад, ки давлат ба арзишҳои маънавӣ ва таърихӣ ҳамчун пояи устувори рушди устувор, суботи иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеа менигарад. Эҳтиром ба гузашта дар ин ҷо ҳамчун шарти асосии сохтани ояндаи дурахшон муаррифӣ мешавад.
Маҳз дар ҳамин замина, иқдоми раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ чун идомаи равшани ин суннати ҳазорсола зуҳур мекунад. Ӯ бо диди амиқи таърихӣ ва эҳсоси масъулияти баланди миллӣ эҳёи хотираи бузургони миллатро ба як амали рамзии давлатдорӣ табдил медиҳад. Ин иқдом эҳёи руҳи миллат дар фазои имрӯз аст. Бо гирд овардани хотираи фарзандони барӯманди миллат дар пойтахт як навъ муколамаи хомӯши наслҳо сурат мегирад, ки дар он гузашта ба имрӯз сухан мегӯяд ва имрӯз ба оянда пайғом мефиристад. Ин муколамаи таърихӣ ба ҷомеа мефаҳмонад, миллате, ки ба гузашта эҳтиром мегузорад, ҳеҷ гоҳ роҳгум намешавад.
Ҳамин тариқ, Рустами Эмомалӣ бо идомаи фарҳанги арҷгузорӣ ба гузаштагон на танҳо суннати ниёгонро зинда медорад, балки онро бо талаботи замони муосир ҳамоҳанг намуда, ба як рукни устувори сиёсати фарҳангӣ ва маънавии давлат табдил медиҳад. Ин иқдом нишон медиҳад, дар ҷомеае, ки ба хотираи таърихӣ ҳамчун сарвати муқаддас муносибат мекунанд, оянда аз гузашта ҷудо нест, имрӯз бе реша намемонад ва фардо бар пояи маънавияти устувор бунёд мегардад. Эҳтиром ба гузашта дар ин раванд ҳамчун нури роҳнамо хидмат намуда, роҳи давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва рушди устувори ҷомеаро равшан месозад.
Дар маҷмуъ, иқдоми навбатии Рустами Эмомалӣ, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва роҳнамоии Пешвои миллат амалӣ мегардад, ҳамчун қадами таърихӣ, созанда ва фарҳангофар дар роҳи таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳувияти миллӣ арзёбӣ мешавад. Ин ташаббус далели равшани пайвасти амиқи гузашта, имрӯз ва ояндаи миллати тоҷик буда, нишони арҷгузории хоса ба бузургони таърих ва, ҳамзамон, ифодаи садоқат ба арзишҳое мебошад, ки Пешвои миллат дар меҳвари сиёсати давлатдории миллӣ қарор додаанд. Халқи Тоҷикистон ин иқдоми созандаро бо эҳсоси ифтихор ва қаноатмандӣ истиқбол намуда, онро рамзи идомаи мактаби давлатдории миллӣ, фарҳанги худшиносӣ ва эҳтироми таърих медонад.
Фарҳод РАҲИМӢ,
раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики АМИТ
