ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АФЗАЛИЯТҲОИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ПАЁМ

19 январ 2026, Душанбе
16


Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ як барномаи мукаммали рушди Тоҷикистон дар марҳалаи минбаъда буд. Аз ҷумла, пешниҳодҳо, дурнамоҳое, ки барои ҳар як соҳаи кишвар равона шуда буданд, як силсила ҳидоятҳои барои оянда, вазифаю барномаҳо барои соли минбаъда дар тамоми риштаҳои фаъолияти иқтисодию сиёсӣ ва робитаҳои хориҷӣ ироа гардиданд.


Пешвои миллат қайд намуданд, ки пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва хидматрасонӣ табдил дода шаванд. Таъкид гардид, ки раванди идоракунии давлатиро бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба роҳ монда, таъсири омили инсониро дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш диҳем.
Воқеан, иқтисоди рақамӣ имкониятҳои навро барои тиҷорат ва бозори меҳнат пешниҳод кардааст. Доираи васеъ ва гуногуни хадамоте, ки иқтисоди рақамӣ пешниҳод мекунад, ҷойҳои нави кории зиёдеро ба вуҷуд овардааст, ки ҳам ба бозорҳои соҳибкорӣ ва ҳам ба шуғл таъсир расонидаанд. Иқтисоди рақамӣ барои чаҳорчӯбаи амалиётии худ миқдори зиёди маълумот ва иттилоотро истифода мебарад, ки ба таъмини самараноки хизматҳои давлатӣ, ба монанди тандурустӣ ва маориф, мусоидат кардааст. Иқтисоди рақамии устувор, инчунин, ба механизмҳои идоракунии иҷтимоӣ тавассути баланд бардоштани сифати муошират байни ҳукуматҳо ва шаҳрвандони онҳо таъсир расондааст.
Татбиқи зеҳни сунъӣ дар бозори меҳнат метавонад имкониятҳои зерро фароҳам оварад:
1. Зеҳни сунъӣ метавонад вазифаҳои маъмурии одӣ, таҳлили ҳуҷҷатҳо ва ҳатто муҳокимаи ибтидоии довталабонро автоматӣ гардонад, ки ин боиси сарфаҷӯии вақт ва захираҳо мегардад.
2. Системаҳое, ки бо зеҳни сунъӣ кор мекунанд, метавонанд вазъи бозори меҳнатро ба таври дақиқ таҳлил намуда, пешгӯйиҳои воқеӣ барои сиёсати шуғл пешниҳод кунанд.
3. Бо истифода аз зеҳни сунъӣ платформаҳои интерактивии омӯзишӣ таҳия мешаванд, ки барои бозомӯзии кормандон дар муҳити рақамӣ хеле муассир мебошанд.
4. Зеҳни сунъӣ, инчунин, дар таҳлили омори бозори меҳнат, пешгӯйии равандҳо ва шаклгирии сиёсати шуғл нақши калидӣ дошта метавонад. Низоми пешгӯйии рақамӣ метавонад талабот ба касбҳои навро барои 5 – 10 соли оянда муайян созад. Бо истифода аз зеҳни сунъӣ метавон самаранокии барномаҳои бозомӯзиро арзёбӣ ва дар таҳияи барномаҳои миллӣ оид ба шуғл маълумоти асоснок пешниҳод кард.
Соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи иқтисоди рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ дастовардҳои зиёде ба даст омаданд, ки муҳимтаринаш инҳоянд: 7-уми апрел дар шаҳри Душанбе нахустин парки IT – ҶДММ «Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе» ифтитоҳ гардид, ки ҳадаф рушди технологияҳои иттилоотӣ ва дастгирии соҳибкории рақамӣ мебошад. Ин рӯйдодро метавон ба таври ҳақиқӣ як қадами муҳим дар рушди соҳаи технологияҳои Тоҷикистон арзёбӣ кард; дар Тоҷикистон алоқаи мобилӣ тибқи стандартҳои 4G ва 5G рушд мекунад. Татбиқи ин ва дигар лоиҳаҳо дар Форуми байналмилалии «Тағйироти рақамӣ, дурнамо ва роҳҳои ҳалли онҳо» баррасӣ шуд. Дар Форум намояндагони 19 мамлакат иштирок доштанд; 25-уми июли соли 2025 ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди як рӯйдоди таърихӣ гардид. Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, қабул намуд; бо мақсади рушди ҳукумати электронӣ ва таъмини шаффофият дар хизматрасониҳои давлатӣ, портали ягонаи давлатӣ – “e-Hukumat.tj” ҳамчун инфрасохтори ягонаи шабакавии иттилоотию коммуникатсионӣ ба фаъолият шуруъ кард. Айни замон сомонаҳои 45 мақомоти давлатӣ ба ин платформа пайваст карда шудаанд; ҳамаи муассисаҳои таълимии умумӣ дар пойтахт ба низоми “eDonish” пайваст шудаанд. Ин барнома дастрасӣ ба маҷаллаи электронӣ, рӯзнома, ҷадвал, ҳузури хонандагон ва фаъолият дар дарсҳоро фароҳам меорад. Тавассути “eDonish” волидайн метавонанд вақти ба мактаб омадан ва рафтани фарзандашонро пайгирӣ кунанд; дар Форуми байналмилалии сармоягузории "Душанбе Инвест-2025", Хадамоти алоқа бо “Starlink Tajikistan” (SpaceX) созишномаи литсензионӣ имзо кард. Ин маънои онро дорад, ки мушкили таъмини дастрасии интернет ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳои кӯҳистон аз байн меравад; Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо “Perplexity AI Epsilon3.ai” дар бораи ба кор андохтани “Comet AI Browser” – аввалин браузери AI барои идоракунии давлатӣ қарордод ба имзо расонд. “Comet AI Browser” ба роҳбарони сохторҳои давлатӣ дар таҳлили маълумот, ҷамъоварии омор, омода кардани ҳуҷҷатҳо ва гирифтани тавсияҳои таҳлилӣ ёрӣ расонда, самаранокӣ ва шаффофияти идоракунии давлатиро афзоиш медиҳад.


Илёсҷон ШАМСЗОДА,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори ДМТ

Санаи нашр: 19.01.2026 №: 11