ОМӮЗГОР ПОЯГУЗОРИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ

21 январ 2026, Чоршанбе
9


Маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян гардида, таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти омӯзгор тадбирҳои пайваста амалӣ мегарданд. Ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди устувори давлат бидуни маориф ва омӯзгори соҳибкасб имконнопазир аст.
Омӯзгор дар ҷомеа на танҳо омӯзонандаи фанҳо, балки тарбиятгари шахсият, ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ ва фарҳанги миллист. Маҳз омӯзгор насли наврасро ба роҳи дониш, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ ҳидоят намуда, заминаи рушди зеҳнии миллатро фароҳам меорад.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илму техника омӯзгор бояд донишу маҳорати касбии худро пайваста такмил дода, бо талаботи замон ҳамқадам бошад. Ҷомеа имрӯз омӯзгори навовар, эҷодкор ва масъулиятшиносро тақозо мекунад, зеро дар масъалаи таълиму тарбияи насли оянда ҳар иштибоҳ метавонад пайомади ҷиддӣ дошта бошад.
Агар хоҳони ҷомеаи пешрафта ва давлати неруманд бошем, бояд мақоми омӯзгорро ҳамчун сарчашмаи ҳамаи пешрафтҳо эътироф намуда, дастгирии воқеии соҳаи маорифро тақвият бахшем.
Омӯзгороне, ки новобаста аз мушкилоти рӯзгор бо садоқат ба касби худ хизмат намуда, шахсиятҳои арзандаро барои халқу Ватан тарбия мекунанд, воқеан, сазовори эҳтиром, қадршиносӣ ва эътирофи ҷомеа мебошанд.
Бино бар моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”, “Амалҳое, ки бевосита ё бавосита ба паст задани шаъну шарафи омӯзгор равона шудаанд, манъ аст”. Инчунин, зикр мешавад, ки “Омӯзгорони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз пардохти андози қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил ба онҳо ҷудо карда шудаанд, озод мебошанд”. Ин ва дигар ҳуқуқҳои тозаи мо – омӯзгорон на танҳо дили моро гарму пурнишот менамоянд, балки масъулияти касбиро меафзоянд. Бовар дорем, ки давлат ва Ҳукумат бо сарварии Пешвои миллат иҷрои қонунро назорат мекунанд ва дар кӯтоҳтарин замон мо ба баландтарин мақоми маънавию ҷамъиятӣ мерасем.
Ояндаи бузурги миллат аз синфхонаҳои мактаб оғоз мегардад ва калиди он дар дасти омӯзгор аст. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши омӯзгор дар рушди ҷомеа баҳои баланд дода, таъкид намудаанд: «Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад».
Сипосгузорем аз Сарвари кишвар, ки дар ғами мо ҳастанд ва мехоҳанд, ки омӯзгорону устодон дар ҷомеа беҳтарин шаъну шараф, шароит ва обрӯву эҳтиромро дошта бошанд.


Гулноз РАҲМОНШОЕВА,
омӯзгори МТМУ № 6-и ноҳияи Рӯшон

Санаи нашр: 21.01.2026 №: 13