ПАДАРОН БО ПИСАРОН ДАР “РОҒУН” Ё ҚИССАИ ИБРАТБАХШИ ХОНАВОДАИ ХУҶАСТАПАЙМОН

21 январ 2026, Чоршанбе
9


Мо шумо – хонандагони рӯзномаро, бо аҳли хонаводаи равоншод Карим Очилов, омӯзгори номвари ноҳияи Файзобод ошно хоҳем кард, ки дар давоми зиндагии пурбаракат ва ибратбахши худ фарзандони номбардор ва некхислат, мутахассисони баландпояи замонро тарбия карда, ба воя расонд. Ҳар кадоми онҳо шоистаи ифтихори ҳамдеҳагон, дӯстону ҳамкоронанд. Аз ҷумла, се писари ӯ аз солҳои навадуми асри гузашта дар сохтмони иншооти бузургтарини аср дар кишвар НБО “Роғун” кор мекунанд. Ҳатто насли нав, яъне наберагони Карим Очилов ҳам дар ин ҷода камари ҳиммат бастаанд.
Фарзанди калонӣ Саид Каримов, Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон, дар коргоҳҳои гуногун, бавижа сохтмони НБО “Роғун”, чун муҳандис ва ҳисобдор фаъолият намудааст. Писари дигарӣ Алиҷон Очилов дар сохтмон то ҳол кор мекунад ва ҳамчун мутахассиси варзида ва роҳбари кордон ном бароварда, соли 2017 аз Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медали Хизмати шоиста гирифт.
Азизҷон Очилов, писари сеюм, муҳандиси номдор, дорандаи Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Алиҷон Очилов орзуи падарро, ки сохтани чойхонаи зебо дар деҳаи Обшорони ноҳияи Файзобод буд, бароварда кард. Ҳоло чойхонаи миллӣ зеби ин русто буда, барои баргузории чорабиниҳои мардум, вохӯриву ҷаласаҳои Ҷамоати шаҳраки “30-солагии Истиқлол” ройгон истифода мешавад.
Бояд гуфт, ки аҳли ин хонаводаи намунавӣ бо сохтмони аср – бунёди НБО “Роғун” пайванди хуниву ҷонӣ дорад. Саид Каримов бо писараш Дилшод, писари дувумӣ Алиҷон Очилов бо писараш Суҳроб (ҳар ду ҳам дорандаи нишони сарисинагии Аълочии барқи тоҷик) ва писари хурдӣ Азизҷон Очилов пайваставу вобастаи НБО “Роғун” ҳастанд. То ҳол Алиҷон, Азизҷон ва Суҳроб Очиловҳо, Дилшод Каримов дар раванди бунёди ин Неругоҳи беназир кору фаъолият доранд.
Суҳроб Очилов, директори генералии ҶСК “БСК”-и шаҳри Москва, дорандаи медали Хизмати шоиста, аз мутахассисони ояндадори тоҷик мебошад.
Се писар ва набераҳо дарк карданд, ки сабаби ин ҳама донишу фаросат ва ақлу заковати ду насл ранҷу заҳматҳои падари бузургворашон аст. Аз ин рӯ, ки барои зинда гардондани номи падар ба сохтани як маҷмуа даст заданд, ки ҳосили он чопи ду китоб: “Фарзанди шоистаи ду диёр” (Аз Ғазантарак то Обшорон) ва “Хонаву хони падарӣ” (2025) гардид.
Ташаббускори иншои ин китобҳо писари калонӣ Саид Каримов аст. Ин марди боандеша кори дурустеро пеш гирифт, зеро қарзи фарзандон аст, то падар ёд шавад, панду андарзаш риоят гардад ва барои пасояндагон китобе, аксе, хотирае ба ёдгор монад. Ин мард ба хитобаи шайх Саъдӣ посухи неку додаанд:
Мероси падар хоҳӣ, илми падар омӯз,
К-ин моли падар харҷ тавон кард
ба ду рӯз.
Ҳангоми дидан аз чойхонаи миллии Ҷамоати шаҳраки “30-солагии Истиқлол” ниҳоят писари дувум Алиҷон ба сухан даромад. Бино ба гуфтаи ӯ, сохтмони НБО “Роғун” достонест пур аз ибрат, ки бояд дониста шавад. Аз қиссаҳои ин марди кордон маълум мешавад, ки ба мутахассисони ватанӣ бовар кардани русҳо дар охири солҳои ҳастии Иттиҳоди Шуравӣ ногузир гардид.
Ба ин гуфтаҳои Алиҷон Очилов таваҷҷуҳ фармоед, ки ба таври мухтасар овардем: “Ҳарчанд мутахассисони хориҷӣ ночор буданд ва бояд ба мо – соҳибватанон, бовар мекарданд, аммо аз зин фуромада бошанд ҳам, пойро аз узангӣ намегирифтанд. Маҳз дар ҳамон солу замон мо – мутахассисони ватанӣ, бояд худро нишон медодем ва бо донишу малака, таҷрибаву таваккули ақлӣ собит менамудем, ки мо ҳам дар сохтмони объектҳои калон таҷрибаву малака дорем. Дар чанд масъалаи бисёр муҳим ва калидӣ машварат додем, рӯзе ниҳоят гуфтанд, ки дар амал ҳам нишон деҳ. Сарфи назар аз ҷавонӣ, амалҳои мушкилро иҷро кардем ва ниҳоят дар вазифаҳои гуногун фаъолият доштем. Ба ин ҳама ибтикор ва иродаи мустаҳкам маҳз бо раҳнамоиву дуои сабзи падар расидаем, ки ҳамеша ёдашон мекунем. Падар моро бовар мебахшиданд, ки аз дасти одам ҳама кор меояд, танҳо эътимод, дониш ва фардонигарӣ зарур аст”.
Аз ошноӣ бо Азиз, писари сеюм, муҳандиси номвар ва таҷрибадор, дарёфтем, ки НБО “Роғун” маънии ҳаёташ мебошад. Қариб ҳамаи умрашро дар майдони ин сохтмон сипарӣ намуда, панди падараш ҳалқаи гӯшаш шудаву аз домони ҳунар гирифтааст.
Ин авлод солҳои вазнини баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ робитаашонро бо Неругоҳ наканданд ва умеду эътимод доштанд, ки дер ё зуд бунёди он аз сар гирифта мешавад.
Онҳо аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузоранд, ки дар вазнинтарин шароит бунёди НБО “Роғун”-ро оғоз карданд ва бо шуҷоату бовари сабз он идома дорад.
Падар тоҷи сари фарзанд бошад,
Ба фарзандон ҷигарпайванд бошад.
Падар сарчашмаи мардӣ агар буд,
Писарҳо бар падар монанд бошад.


Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.01.2026 №: 13