ТОҶИКИСТОН. БАРНОМАИ НАВИ САНОАТИКУНОНӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030 ТАҲИЯ МЕШАВАД

21 январ 2026, Чоршанбе
9


Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими иқтисодиёт ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030»-ро омода мекунад. Ин Барнома ба рушди истеҳсоли металлҳои ранга ва нодир, ҳамзамон, таъмини истифодаи самараноки захираҳои зеризаминӣ нигаронда шудааст.
Ёдрас мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (16-уми декабри соли 2025) ҷиҳати қабул ва амалӣ гардондани ин барномаҳо Ҳукумати мамлакатро муваззаф карда буданд. Сарвари давлат, ҳамчунин, таъкид намуданд, ки барои таъмини истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои зеризаминӣ, тақвияти назорати давлатӣ, мусоидат ба рушди устувори соҳаи истихроҷ ва геологияи кишвар андешидани чораҳои иловагӣ зарур мебошад. Ҳамчунин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав уҳдадор шудааст, ки рушди воқеии солонаи соҳаро дар давоми панҷ соли минбаъда дар сатҳи на кам аз 25 фоиз таъмин намояд. Дар ин росто, бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои нав барои коркарди пурраи ашёи қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва рустаниҳои шифобахш тадбриҳои иловагӣ андешида шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот зиёд карда мешавад.
Бояд гуфт, ки дар самти саноатикунонии босуръати кишвар дар 7 соли охир натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Аз ҷумла, беш аз 2600 корхонаи саноатӣ сохта, ба истифода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа 3,4 баробар афзудааст. Истеҳсоли тилло, нуқра ва хокаи сурб низ якчанд маротиба зиёд гардидааст. Бо назардошти аҳамияти саноатикунонии босуръати кишвар, Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар самти дастгирии соҳибкорон, ҷалби сармоягузорон, рушди инфрасохтори саноатӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои иловагиро амалӣ созад. Дар ин раванд истифодаи технологияҳои нав ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа аҳамияти хосса дорад.
Ҳадафи асосӣ аз саноатикунонии босуръат таъмини пешрафти иқтисодиёти кишвар, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва ворид кардани Тоҷикистон ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошад. Дар ин замина, Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи хоссаро ба рушди соҳаҳои афзалиятноки саноат, аз қабили саноати маъданҳои кӯҳӣ, энергетика, кимиё, мошинсозӣ ва саноати хӯрокворӣ, равона месозад. Барои татбиқи босамари ин ҳадафҳо, ҷалби технологияҳои муосир ва инноватсионӣ, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ аҳамияти калидӣ дорад. Бо ин мақсад, баҳри дастгирии соҳибкорон ва ҷалби сармоягузорон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор имтиёзҳо ва шароитҳоро муҳайё месозад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки қабулу татбиқи босамари Барномаи саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳим ба рушди устувори иқтисодиёт, таъмини шуғли аҳолӣ ва беҳсозии сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад. Саноатикунонии босуръат имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба кишвари пешрафтаи саноатӣ тадбил ёфта, дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ мавқеи худро мустаҳкам намояд.


Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 21.01.2026 №: 13