ФУТБОЛ

22 январ 2026, Панҷшанбе
4


25 даста барои Ҷоми Тоҷикистон талош мекунад
Марҳалаи муқаддамотии Мусобиқаи анъанавии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) - 2026 дар се минтақа: Душанбе, Суғд ва Хатлон доир мегардад.


Тавре хабар дода будем, дар минтақаи Душанбе панҷ дастаи Лигаи олӣ – КМВА (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Ҳосилот» (Фархор), «Сардор» (Турсунзода) ва панҷ дастаи Лигаи якум – «Шодмон» (Ҳисор), «Шоҳмансур» (Душанбе), «Душанбе» (Душанбе), «Рангон» (ноҳияи Рӯдакӣ), «Саройкамар» (Панҷ) иштирок мекунанд, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд.
Мусобиқа дар минтақаи Душанбе 23-юми январ оғоз меёбад. Аз ин минтақа чаҳор дастаи беҳтарин ба марҳалаи ниҳоӣ роҳхат мегирад.
Дар минтақаи Суғд бошад, чаҳор дастаи Лигаи олӣ: “Хуҷанд”, «Эсхата» (Хуҷанд), «Истаравшан», «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд) ва се дастаи Лигаи якум – «Мастчоҳ», «Саразм» (Панҷакент) ва «Исфара» барои ду роҳхат мубориза мебаранд. Мусобиқа дар ин минтақа дар ду гурӯҳ 21-уми январ оғоз гашт.
Дар минтақаи Хатлон танҳо як дастаи Лигаи олӣ – «Ҳулбук» (Восеъ) ва ҳафт дастаи лигаи якум – «Ҷиликӯл» (Дӯстӣ), «Сомон» (Данғара), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Моҳир» (Ёвон), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ), «Норак» ва «Рахш» (Восеъ) ширкат меварзанд.
26-уми январ дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ марҳалаи аввали бозиҳо дар гурӯҳи “А” шуруъ мешаванд. Дар гурӯҳи “Б” бошад, мусобиқа 27-уми январ дар варзишгоҳи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оғоз меёбад. Аз ҳар гурӯҳ дастаи ғолиб ба марҳалаи ниҳоӣ роҳхат мегирад.
Ба ин тартиб, дар марҳалаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ – 2026 ҳамагӣ: 25 даста (10 тими Лигаи олӣ ва 15 дастаи Лигаи якум) иштирок мекунад. Маблағи умумии ҷоизавии Ҷоми ФФТ 100 000 сомониро ташкил медиҳад. Ғолиб бо 50 000 сомонӣ мукофотонида мешавад. Барандаи медали нуқра бо 30 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ бо 20 000 сомонӣ сарфароз мегардад.
Соли гузашта дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии ниҳоӣ КМВА-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, бори ҳафтум Ҷоми ФФТ-ро ба даст овард. Дар бозӣ барои ҷойи сеюм бошад, дастаи “Панҷшер” бар тими “Сомон” бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.
Ҷоми ФФТ аз соли 2012 бори понздаҳум сурат мегирад. Дар ин мусобиқа аз ҳама бештар – ҳафт бор “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб гардидааст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода се бор, “Хайр”-и Ваҳдат, “Кӯктош”-и Рӯдакӣ, КМВА-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб якборӣ барандаи Ҷом шудаанд.


ФУТЗАЛ
Мунтахаби Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ баробар
бозӣ кард
Дастаи миллии футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов омодагиҳои худро дар шаҳри Ҷакарта барои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё - 2026 идома медиҳад.


20-уми январ футболбозони Тоҷикистон бозии санҷишии охирини худро дар доираи машқҳои дастаҷамъӣ дар Индонезия анҷом доданд. Ҳарифи дастаи мо мунтахаби Арабистони Саудӣ буд. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Голи тими моро дарвозабон Фирӯз Бекмуродов зад.
Қаблан дар Ҷакарта яккачини Тоҷикистон ду бозии санҷишии дигар анҷом дода, аз Қирғизистон (2:4) мағлуб шуд ва Индонезияро (3:1) шикаст дод.
Ёдовар мешавем, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026 дастаи миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо мунтахабҳои Ӯзбекистон (28-уми январ), Ҷопон (30-юми январ) ва Австралия (1-уми феврал) неру месанҷад.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 22.01.2026 №: 14