ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » САФАРИ ДАВЛАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЧИН

САФАРИ ДАВЛАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЧИН

18 май 2023, Панҷшанбе
50
0
 
16 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд.
 
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин, ки ба хотири истиқболи меҳмони олиқадр идона ороста шуда буд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати кишвари ҳамсояи Чин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба хотири пазироии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон горди фахрӣ саф ороста, парчамҳои давлатии Тоҷикистону Чин партавафшонӣ доштанд.
Дар назар аст, ки зимни ин сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, роҳбарони воломақоми Ҳукумати ин кишвар ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи чинӣ ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, мулоқотҳои судманд анҷом медиҳанд.
Ҳамчунин, дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сатҳи баланди саммити якуми “Осиёи Марказӣ-Чин” иштирок мекунанд.


Санаи нашр: 17.05.2023 №: 103
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив