ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЛИ ТСЯН

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЛИ ТСЯН

18 май 2023, Панҷшанбе
8
0
17 май дар шаҳри Пекин дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Тсян мулоқот анҷом доданд.
 
Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки тайи даҳ соли охир равобити шарикии стратегии Тоҷикистону Чин ба сатҳи сифатан нав баромад ва ин муносибатҳо намунаи ҳамсоягии нек ва дӯстии самимӣ мебошанд.
Таъкид гардид, ки муомилоти молӣ байни кишварҳо мунтазам афзуда, соли гузашта афзоиши он қариб 40 фоизро ташкил дод. Ин имкон медиҳад, ки ҳар ду давлат дар ояндаи наздик ҳачми тиҷоратро назаррас зиёд намоянд.
Дар рафти мулоқот масоили робитаҳои ду мамлакат дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ, татбиқи лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ ва ҳамкорӣ дар саноати кӯҳӣ муҳокима гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷалби технологияҳои муосири чинӣ ба бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, сабзавоту меваҷот ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои пиллапарварӣ ва фармасевтӣ амри муҳим маънидод гашт.
Дар ин зимн, зарур шумурда шуд, ки масъалаи марбут ба додани иҷозат барои содироти бештари маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Чин ҳарчи зудтар ҳал шавад.
Дар мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Санаи нашр: 17.05.2023 №: 103
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив