ФАСЛИ ХОТИРАҲОИ ҶОВИДОН
Душанбе бо либоси зебо — ин на танҳо тасвири зимистон, балки таҷассуми эҳсосот ва умедҳоест, ки тозагӣ ва тароват дорад.
Кӯчаву хиёбонҳо, ҳатто мардум ва мошинҳо либоси якранг ба бар кардаанд, оромона ҳаракат мекунанд ва шаҳрро ба як олами афсонавӣ табдил додаанд. Ин сафедии беолоиш гӯё як руҳи тоза ба табиат бахшидааст. Ҳаракати оромонаи мошинҳо ва сокинон дар ҷодаҳои пурбарф зеботарин руҳи зимистон ва муҳит мебошанд.
Ҳар лаҳзаи ин фасл бо шукӯҳи зебои худ ёдовар мешавад, ки зимистон на танҳо айёми сармо, балки фасли оромӣ, фикру эҳсосоти тоза ва хотираҳои ҷовидон аст.
Муҳаммад АМИН, “Ҷумҳурият”
МУДИРИЯТ
Шайх Ҷоан ибни Ҳамад оли Сони – президенти нави Шурои олимпии Осиё
46-ум Ассамблеяи генералии Шурои олимпии Осиё (ШОО) 26-уми январ намояндаи давлати Қатар шайх Ҷоан ибни Ҳамад оли Сониро президенти ШОО интихоб кард.
Ҳамин тариқ, Ҷоан оли Сони 22-юм роҳбари ҳаракати олимпии Осиё аз замони баргузории аввалин Бозиҳои маҷмуии варзишӣ дар соли 1913 мебошад.
Ассамблеяи генералии ШОО дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон бо иштироки намояндагони 45 кумитаи миллии олимпии қора, аз ҷумла Тоҷикистон, баргузор шуд.
Шайх Ҷоан оли Сони, ки, инчунин, ноиби аввали президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва президенти Кумитаи олимпии Қатар аст, ибораи "Якҷоя барои Осиё"-ро шиор интихоб кард ва ба кумитаҳои миллии олимпии Осиё масъалаҳои тақвияти ҳамбастагӣ дар саросари Осиё, дастгирии варзиши касбӣ, пешбурди идоракунии хуб, ба роҳ мондани инноватсия дар варзиш, таъмини устуворӣ ва боэътимод будани чорабиниҳои ШОО-ро ваъда дод.
"Осиё бузургтарин ва гуногунрангтарин қитъа аст. Ин гуногунрангӣ бузургтарин қудрати мост. Аммо он, инчунин, аз мо талаб мекунад, ки дар ягонагӣ, эҳтироми мутақобила ва садоқати муштарак ба арзишҳои олимпӣ кор кунем. Тавассути иттиҳод, мо гуногунрангиро ба имконият табдил медиҳем. Мо ба кумитаҳои миллии олимпии худ қудрат медиҳем ва барои ҷавонони худ имконият фароҳам меорем, то дар саҳнаҳои варзишии ҷаҳон бартарӣ пайдо кунанд, - гуфт ӯ зимни суханронӣ.
БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОСИЁ
Санаи баргузорӣ ба таъхир гузошта шуд
Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ ва Шурои олимпии Осиё бо нашри изҳороте эълон карданд, ки Бозиҳои зимистонаи Осиё, ки қарор буд соли 2029 дар Маҷмааи сайёҳии кӯҳии NEOM доир гардад, ба таъхир гузошта шуданд. Дар изҳорот санаи нави чорабинии варзишӣ гуфта нашудааст.
Арабистони Саудӣ дар назар дорад, ки солҳои оянда як қатор мусобиқаҳои алоҳидаро аз рӯйи намудҳои зимистонаи варзиш гузаронад, ки барои омодагӣ ва бунёди пойгоҳи қавии варзишгарон, доварон ва кормандони техникӣ тарҳрезӣ шудаанд. Ин равиш имкон медиҳад, ки рушди инфрасохтор мутобиқ бо чорабиниҳои қоравӣ ба роҳ монда шавад ва дар айни замон барои ноил шудан ба намояндагии васеътари минтақавӣ дар Бозиҳои зимистонаи Осиё дар оянда имкониятҳои бештар фароҳам орад.
Аз Кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ ба “Рейтерс” гуфтаанд: "Саудӣ санаи нави мизбонии бозиҳоро дар NEOM музокира хоҳад кард. Таъхир ба Арабистони Саудӣ имкон медиҳад, ки фарҳанги варзишҳои зимистонаро рушд диҳад".
Ин дар ҳолест, ки Арабистони Саудӣ дар чанд соли оянда як тақвими варзишии устувор дорад. Аз ҷумла, соли равон Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, соли 2027 Ҷоми футболи Осиё, соли 2034 Чемпионати ҷаҳонии футбол ва Бозиҳои Осиёро мизбонӣ мекунад.
Тибқи хабарҳо, мақомоти Арабистони Саудӣ имконияти мизбонии Кореяи Ҷанубӣ ё Чинро дар соли 2029 ҳангоми омодагӣ ба чорабинӣ барои чор сол пас баррасӣ карданд. “Рейтерс” хабар додааст, ки раиси Кумитаи варзиш ва олимпии Корея Рю Син Мин аз Шурои олимпии Осиё дархости мустақим дар бораи омодагии кишвараш барои иваз кардани Арабистони Саудӣ дар ҳолати зарурӣ дастрас карда буд.
Таҷрибаи ахир Ҷумҳурии Корея ва Чинро ҳамчун номзадҳои эҳтимолӣ нишон медиҳад, агар кишвари ивазкунандаи мизбони Бозиҳо зарур бошад, зеро Пйонгчан соли 2018 ва Пекин соли 2022 Бозиҳои зимистонаи олимпиро мизбонӣ кардаанд. Ҳамчунин, аввали соли 2025 шаҳри Ҳарбини Чин Бозиҳои зимистонаи Осиёро гузаронд. Иқтидори логистикии ҳар ду кишвар барои баргузории чунин чорабинии варзишии бузург мавҷуд аст.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
