ДУШАНБЕ. ШАҲРЕ, КИ ОРЗУҲО ҶОМАИ АМАЛ МЕПӮШАНД

29 январ 2026, Панҷшанбе
4


Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ рушду такомул ёфта, баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаҳо ва такомули ҷаҳони маънавии ҷомеаи кишвар дар асоси стратегияҳои мушаххас чорабиниҳо ва барномаҳои аҳамияти сиёсиву фарҳангӣ, илмию оммавидошта амалӣ гардиданд, ки ин раванд бевосита аз пойтахти азизи мо – шаҳри Душанбе оғоз гардида, ҷиҳати инкишофи соҳаҳо, ҷалби бештари шаҳрвандон ба ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, баланд бардоштани мақоми пойтахт ҳамчун маркази илмию маърифатӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ нигаронда шуданд.
Хоса, тайи наздик ба даҳ соли охир дар шаҳри Душанбе сохтмон ва таъмиру навсозии иншооти гуногун ва дигар тадбирҳои созандагӣ вусъат ёфта, ба симои пойтахти маҳбубамон намои дигар бахшиданд, ки ин гуна иқдомоти шоиста минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
Агар ҳамаи дастоварду музаффариятҳои шаҳри Душанберо рӯйи коғаз оварем, ба даҳҳо китобу маҷмуа табдил меёбад, вале мардуми саодатманди кишвар, хусусан сокинони шарафманди пойтахт, дарк кардаанд ва дида истодаанд, ки чи қадар муваффақияту музаффарият ва дастовардҳои назаррас барои онҳо эҳдо мешаванд.
Яке аз дастовардҳои муҳим ин бунёди маҷмааи “Истиқлол” дар маркази пойтахт мебошад, ки 8-уми сентябри соли 2022 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ гардид. Баландии он 121 метр буда, қисми поёнӣ 30 метр, яъне рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисми болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-ум ба даст овардани истиқлолро ифода менамояд. Ин маҷмаа ҳамчун рамзи истиқлолу озодӣ ба макони баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва ҷойи тамошобоби меҳмонону сокинони пойтахт табдил ёфт.
Мавриди зикр аст, ки гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ ба симои шаҳр ҳусни бештар бахшида, маскани фароғату осоиши мардум ва макони баргузории чорабиниҳои гуногун мебошанд. Махсусан, тайи чанд соли охир баъди таҷдиду навсозӣ ва бунёди боғҳои нав шумораи онҳо ба 18 расид. Дар ҳоли ҳозир боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи «Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Алишер Навоӣ», «Умари Хайём», «Аҳмади Дониш», «Садриддин Айнӣ», «Восеъ», «Куруши Кабир», «Александр Мироненко», «Парчами миллӣ», «Нишони давлатӣ», «Боғи Ирам», «Кӯли ҷавонон», «Наврӯзгоҳ», «Ғалаба», «Ҷавонон», «Кӯдакон» ва «Боғи ҳайвонот» ҳамарӯза баҳри фароғати сокинону меҳмонони шаҳр хидмат мерасонанд.
Ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва сиёсати пешгирифтаи шаҳри Душанбе мизбони баргузории чорабиниҳо ва ҷаласаҳои сатҳи олии байналмилалию минтақавӣ дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ғайра гардид, ки ин иқдом баҳри муаррифии шоистаи пойтахти кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Қобили зикр аст, ки бо қарори Шурои сарварони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2021 пойтахти маҳбуби тоҷикон – шаҳри Душанбе, пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гашт, ки ин боз як муждаи нек барои мардуми тоҷик мебошад.
Мавриди зикри хос аст, ки чанде пеш Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо як гурӯҳ бостоншиносон, таърихнигорон, фарҳангшиносон ва дигар намояндагони илму адаб вохӯрда, дар он масъалаи бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пайрави асили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, иқдоми мазкур идомаи мантиқии сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Сарвари давлат мебошад. Бешубҳа, бунёди ин Маҷмаа ба симои пойтахти нозанинамон боз ҳам ҳусни дигар хоҳад бахшид.


Иматшо НОДИРЗОДА, сардори Хадамоти муҳоҷирати
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Санаи нашр: 28.01.2026 №: 17