ИНСОНИЯТ, ВАТАНДОРӢ ВА РИСОЛАТИ КАЛОМ

29 январ 2026, Панҷшанбе
0


Дар рӯзгори мо одамоне ҳастанд, ки на бо шиору суханҳои баланд, балки бо рафтор, эҳтиром ба инсон ва бо садоқат ба арзишҳои миллӣ аз ватандории хеш башорат медиҳанд. Аминҷон Шарифзода аз ҳамин гуна шахсиятҳост. Дар ҳар куҷое, ки фаъолият кардааст, пеш аз ҳама, инсониятро ҳифз намудааст, инсонияте, ки пояи ватандорӣ, асоси адолат ва сарчашмаи эътимоди мардум аст.


Дар ҳамин замина, таъин шудани Аминҷон Шарифзода ба вазифаи сармуҳаррири нашрияи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» идомаи мантиқии як роҳи тулонӣ ва пурмасъулият мебошад. Ӯ ҷавонмарди бебоку кушодадилест, ки дар симо, гуфтор ва рафтораш беҳтарин хислатҳои устодони зиндаёд, сармуҳаррирони рӯзномаро таҷассум кардааст, ки нуктасанҷӣ, хирадмандӣ, ҷаҳонбинии фарох ва эҳтироми самимӣ ба инсон мебошад.
Дар иҷрои вазифа серталаб аст, зеро масъулияти суханро хуб дарк мекунад. Аммо дар муносибати инсонӣ дилсӯз, қадршинос ва арҷгузор аст. Ин хислатҳо тасодуфӣ нестанд, онҳо реша дар тарбияи солим доранд.
Мавсуф баъд аз хатми факултети физика-техникии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун омӯзгори фанни физика ба таълиму тарбияи фарзандони деҳот пардохт. Омӯзгорӣ барояш мактаби инсондӯстӣ ва худшиносӣ буд.
Дар ҳар соҳае, ки фаъолият мекард, бо хирад, ташаббус ва ирода ҷабҳаро мустаҳкам менамуд. Дар ҷавонӣ, ба шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба кор омад. Дар ин ҷо, дар иҳотаи шахсиятҳои варзида, аз ҷумла ходими маъруфи давлатӣ Абдуҳаким Шарифов, мактаби бузурги ватандориро аз худ кард.
Беш аз ёздаҳ сол фаъолият дар соҳаи идеологияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ӯро аз лиҳози сиёсӣ ва миллӣ пухта гардонд. Баъдан ба вазифаи муовини раиси шаҳри Истиқлол таъин шуд. Дар ин шаҳр бо рафтори наку, дастгирии ятимону бепарасторон ва ғамхорӣ ба ниёзмандон ба дилҳои мардум роҳ ёфт. Се сол ҳамчун муовини аввали раиси шаҳр фаъолият бурда, ба дарду ниёзи садҳо шаҳрванд бо дилу ҷон расид.
Ҳоло рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» бо раҳнамоии ӯ сарбаландона рисолати хешро дар назди халқу Ватан иҷро мекунад. Ҳамкорон бо роҳбаре мефахранд, ки суханро бо виҷдон, роҳбариро бо инсоният ва ватандориро бо амал пайвастааст.


Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 28.01.2026 №: 17