ИСТИҚЛОЛИ ЭНЕРГЕТИКӢ. НЕРУГОҲҲОИ БАРҚИ ОФТОБИИ ШИНОКУНАНДА РОҲИ МОРО БА ҚУЛЛАИ МУРОД НАЗДИК МЕКУНАНД
Талаботи сокинони сайёра сол ба сол ба неруи барқ меафзояд, зеро рушди рӯзафзуни ҳаёт ҳарчи бештар ба техникаю таҷҳизоти ҳозиразамон рабт мегирад, ки ин ҳама танҳо тавассути неруи барқ метавонанд фаъол бошанд. Аз ин рӯ, коршиносон соҳаи энергетикаро «локомотиви иқтисод» меноманд.
Солҳои охир дар баробари энергияи атомӣ, неругоҳҳои ҳароратӣ (бо истифода аз маҳсулоти нафту газ, ангиштсанг) ва гидроэнергетика таваҷҷуҳ ба неруи офтоб, шамол, чашмаҳои гидротермалӣ (обҳои гарм) ва биомасса зиёд шудааст, ки дар маҷмуъ «энергияи сабз» ном доранд.
Яке аз самаранок ва муосиртарин намуди «технологияи сабз» неругоҳҳои барқи офтобии шинокунанда мебошад. Тибқи иттилои нашрияи «Tadviser», ҳоло дар ҷаҳон 114 555 обанбори масоҳаташ аз 0,1 километри мураббаъ калон мавҷуд аст, ки 554111 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Агар ҳамагӣ 30 дарсади ин обанборҳо бо панелҳои офтобӣ пӯшонда шаванд, иқтидори истеҳсоли неруи барқи онҳо 9434 мегаватт/ соатро ташкил хоҳад дод.
То соли 2016 аз чор се ҳиссаи неругоҳҳои барқи офтобии шинокунанда ба Ҷопон тааллуқ дошт. Моҳи августи соли 2017 аз рӯйи ин нишондиҳанда Чин ба ҷойи аввал баромад. Соли 2021 калонтарин неругоҳи барқи офтобии шинокунандаи ҷаҳон дар наздикии шаҳри Дечжоуи музофоти Шандуни Чин сохта шуд, ки иқтидораш 320 мегаватт мебошад ва 98 дарсади талаботи неруи барқи шаҳрро аз ин ҳисоб таъмин мекунад.
Мувофиқи маълумоти Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA), ҳоло дар зиёда аз 60 кишвар чунин неругоҳҳо фаъолият мекунанд, ки иқтидори умумии онҳо аз 3000 мегаватт гузаштааст.
Неругоҳҳои барқи офтобии шинокунанда чӣ бартарӣ доранд? Нахустин бартарии чунин неругоҳҳо дар он аст, ки онҳо майдони барои киштукор ё сохтмон ҷудошударо ишғол намекунанд. Ин дар шароити кишварҳои камзамин аҳамияти калон дорад. Дуюм, сатҳи об рӯшноии нури офтобро ба боло инъикос мекунад, ки ин дар сурати насби панелҳои дутарафа самаранокии неругоҳи офтобиро зиёд мекунад. Сеюм, ҳангоми фаъолияти панелҳои офтобӣ онҳо аз гармии зиёд метафсанд. Фазои болои обанборҳо бошад, ҳамеша нисбат ба замин салқинтар аст. Аз ин рӯ, дар обанборҳо панелҳои офтобӣ ба салқинкунӣ эҳтиёҷ надоранд. Чорум, дар майдони хушк болои панелҳо зуд чангу ғубор мегирад, вале дар обанборҳо аз сабаби баланд будани намнокӣ панелҳо худ ба худ аз чанг тоза мешаванд. Панҷум, чунин неругоҳҳо бухоршавии обро аз сатҳи обанборҳо кам мекунанд, ки дар шароити иқлими гарми ҷумҳурии мо ниҳоят муҳим аст. Шашум, бунёди чунин неругоҳҳо босуръат сабзидани обсабзҳоро пешгирӣ менамоянд.
Дар ҷумҳурии мо бунёди неругоҳҳои барқи офтобии шинокунанда дар обанборҳои «Қайроққум» («Баҳри Тоҷик»), «Норак» ва «Роғун» манфиатнок хоҳад буд, зеро наздик будани зеристгоҳҳо хароҷоти насби трасформаторҳои муқтадирро аз байн мебарад. Дуюм, ин ки бухоршавии об аз обанборҳо дар иқлими гарми ҷумҳуриамон кам шуда, боиси тавлиди бештари неруи барқ мегардад. Агар дар баландиҳои атрофи обанборҳои зикршуда таҷҳизоти шамолӣ низ насб кунем, фоида аз чунин неругоҳҳои гибридӣ (шамолӣ, офтобӣ, обӣ) дучанд мешавад.
Тибқи иттилои маҷаллаи «Nature Sustainabilty», муҳаққиқон муайян намудаанд, ки дар 6256 шаҳри 124 кишвар (аз ҷумла, Тоҷикистон) бо насби неругоҳҳои барқи офтобии шинокунанда дар 30 дарсади обанборҳои ба шаҳрҳо наздик метавон аҳолиро бо неруи барқ пурра таъмин кард. Инчунин, бо пешгирӣ кардани бухоршавии об аз сатҳи ин обанборҳо 300 миллион нафарро бо оби тоза таъмин намудан мумкин аст.
Аз рӯйи маълумоти маҷаллаи «Ҷорнал экостандарт», алҳол истеҳсоли неруи барқ аз неругоҳҳои барқи офтобӣ дар ҷаҳон 1,6 тераватт (1 миллиону 600 ҳазор мегаватт)-ро ташкил медиҳад. Маблағгузорӣ ба энергетикаи офтобӣ сол ба сол дар сайёра афзуда истодааст. Агар соли 2018 ба энергетикаи офтобӣ дар ҷаҳон 144 миллиард доллари ИМА маблағгузорӣ шуда бошад, соли 2023 ин рақам ба 393 миллиард ва соли 2024 ба 500 миллиард доллар расид. Қариб 80 дарсади неругоҳҳои барқи офтобӣ ба 10 кишвар (Чин, ИМА, Бразилия, Ҳиндустон, Англия, Испания, Германия, Нидерландия, Италия ва Полша) рост меояд.
Бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ, чун дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таъсисдиҳандаи бузурги ҷойҳои корӣ ба шумор меравад. Мувофиқи ҳисоботи Агентии байналмилалӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия (IRENA), бо сабаби вусъат ёфтани истифодаи таҷҳизоти офтобӣ, шамолӣ, биомасса ва дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия то соли 2030 дар ҷаҳон 100 миллион ҷойи нави кор фароҳам хоҳад омад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2023 чунин таъкид намуда буданд: «Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расондани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ, тадбирҳои амалӣ андешида шаванд…
Мо ҳатман ин корро карданамон даркор. Камобӣ ва хушксолии паёпай моро ба анҷом додани ин кор водор мекунад. Агар дар тобистон об нашавад, чӣ кор мекунем? Бинобар ин мо бояд иқтидорҳои алтернативӣ низ дошта бошем».
Боварӣ дорем, ки ниҳодҳои масъул ба ин соҳа таваҷҷуҳ карда, бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта баҳри дар мамлакат вусъат ёфтани энергетикаи офтобӣ кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Ҷумҳурият»
