ИСТИҚЛОЛ. ТАҲКИМИ СОҲАИ МАОРИФ ВА БОЛОРАВИИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР
Соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ҳамчун самти афзалиятнок ва омили асосии рушди устувори ҷомеа мавқеи хос дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти роҳбариашон ба рушди соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд. Сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат ба тарбияи насли соҳибмаърифат, худогоҳ, ватандӯст ва рақобатпазир равона гардидааст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ пайваста таъкид менамоянд, ки омӯзгор неруи пешбарандаи ҷомеа ва меъмори маънавии миллат мебошад. Бо ҳидоятҳои созандаи Роҳбари давлат дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ бунёду навсозӣ гардида, шароити таълиму тарбия мутобиқ ба талаботи замон сол ба сол беҳтар мегардад. Ҳамзамон, тадриҷан баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, ҷорӣ намудани имтиёзҳои иҷтимоӣ ва дастгирии давлатии аҳли маориф далели равшани ғамхории пайвастаи роҳбарияти кишвар нисбат ба омӯзгорон мебошад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» марҳалаи нави таҳкими мақоми иҷтимоӣ ва ҳуқуқии омӯзгор ба шумор меравад. Қонуни мазкур мақоми омӯзгорро ҳамчун шахси калидии ҷомеа эътироф намуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва кафолатҳои иҷтимоии ӯро муайян менамояд. Тибқи ин Қонун, шаъну шараф ва эътибори омӯзгор бояд ҳифз шуда, ӯ аз ҳар гуна фишор, таҳқир ва дахолати ғайриқонунӣ дар фаъолияти касбӣ эмин бошад.
Қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор», инчунин, масъулияти давлатро дар самти таъминоти иҷтимоӣ ва иқтисодии омӯзгор муқаррар мекунад. Таъмини музди меҳнати муносиб, фароҳам овардани шароити мусоиди кор, дастгирии иҷтимоӣ ва имкониятҳои такмили ихтисос ба баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбияти омӯзгор мусоидат менамояд.
Дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгор яке аз меъёрҳои муҳими қонунгузорӣ ба ҳисоб рафта, ҳадафи он фароҳам овардани фазои солим ва созанда барои фаъолияти омӯзгор мебошад. Озодии касбӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим ва эҷодкорӣ дар раванди таълим имкон медиҳанд, ки сатҳи дониш ва тарбияи хонандагон ба талаботи ҷомеаи муосир мутобиқ гардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи суханрониҳои худ омӯзгоронро ба масъулияти баланди шаҳрвандӣ, садоқат ба касб, такмили доимии дониш ва истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим ҳидоят менамоянд. Таъкид мегардад, ки тарбияи инсони комил, ватандӯст ва соҳибмаърифат рисолати муқаддаси омӯзгор мебошад.
Дар маҷмуъ, сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва тадбирҳои пайвастаи давлат гувоҳи онанд, ки мақоми омӯзгор ва шаъну шарафи ӯ дар меҳвари таваҷҷуҳи сиёсати давлатӣ қарор дорад. Эҳтиром ва дастгирии омӯзгор – заминаи устувори пешрафти соҳаи маориф, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди ҷомеаи мутамаддин ба ҳисоб меравад.
Азим ИСМОИЛОВ, омӯзгори МТМУ № 6, ноҳияи Рӯшон
