МУДИРИЯТ
Ҷаласаи васеи Раҷаб Аҳмадзода бо дастаҳои футболи вилояти Суғд
Раиси вилояти Суғд, ҳамзамон, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо бошгоҳҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки вилояти Суғдро намояндагӣ мекунанд, ҷаласаи васеъ баргузор кард.
Раҷаб Аҳмадзода дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди инфрасохтори футбол дар вилояти Суғд, ки бозиҳои лигаҳои олӣ, якум ва дуюмро баргузор мекунад, маълумот дод. Зикр шуд, ки дар доираи чорабиниҳо ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи муосири варзишии «Суғд-Арена», инчунин, қароргоҳи дастаи футболи «Хуҷанд» бо майдони тамринӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода мешаванд. Ғайр аз ин, нишастгоҳҳо дар варзишгоҳи «Спартак»-и Хуҷанд бо курсиҳои пластикӣ иваз, насби системаи муосири равшанидиҳӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки дастаҳои Лигаи олии вилоят бояд ҳаҷми маблағгузориро афзоиш диҳанд. Аз ҷумла, таъкид гашт, ки буҷаи солонаи бошгоҳҳо бояд ҳадди ақал 10 миллион сомонӣ бошад.
Таваҷҷуҳи махсус ба сарулибоси дастаҳое, ки дар мавсими 2026 истифода хоҳанд бурд, инчунин, вазъият ва дурнамои рушди дастаҳои занона, футзал ва мактабҳои футболи кӯдакону наврасон дар вилояти Суғд зоҳир карда шуд. Зарурати рушди ҳамаҷониба ва баробари футбол дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла тақвияти корҳо дар минтақаҳо ва беҳтарнамоии базаи моддӣ-техникӣ, таъкид гардид.
ФУТЗАЛ
Ҷоми Осиё - 2026: бозии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон мусовӣ шуд
Тими миллии футзали Тоҷикистон зери раҳбарии Пайрав Воҳидов нахустин бозиашро дар Ҷоми Осиё-2026 бо дастаи мунтахаби Ӯзбекистон мусовӣ (0:0) анҷом дод.
Бозии дастаҳо дар гурӯҳи «С» 28-уми январ дар варзишгоҳи “Индонезия Арена”-и шаҳри Ҷакарта баргузор шуд.
Дар бозии дигари гурӯҳ тими миллии Ҷопон бар дастаи мунтахаби Австралия бо ҳисоби 6:2 ғалаба кард.
Дар даври дуюм футболбозони тоҷик 30-юми январ бо тими миллии Ҷопон рӯ ба рӯ мешаванд. Бозии охирини гурӯҳи “С” миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Австралия 1-уми феврал доир мегардад.
Марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар Индонезия бо иштироки 16 дастаи мунтахаб дар чор гурӯҳ ҷараён дорад. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил дода, муборизаро барои медалҳо идома хоҳанд дод.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.01.2026 №: 18