РАМЗИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАСДИҚ ГАРДИД
![]()
29-уми январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуданд.
Рамз дар шакли мудаввар таркиббандӣ ва бо ранги зарҳалӣ оро дода шуда, дар давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рақамҳои 1991 - 2026 навишта шудаанд.
Дар маркази рамз акси Маҷмааи Истиқлол, ки ифодагари эҳёи давлатдории миллӣ, нишона аз озодӣ, истиқлол ва рушди бомароми Тоҷикистон мебошад, ҷой дода шудааст. Дар пасманзари рамз ҷилои нури Офтоб дар осмони соф акс ёфтааст, ки аз рӯшноӣ, сулҳу субот ва ояндаи дурахшони кишвар дарак медиҳад.
Аксҳои кӯҳу пиряхҳо, обу дарахтон ва сабзазоре, ки дар рамз ҷойгиранд, ишора ба ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо буда, ҳамзамон, нишона аз иқлими сабз ва захираҳои бойи табиии Тоҷикистон мебошанд.
Аксҳои роҳ, нақб ва неругоҳ, ки рамзро мукаммал гардондаанд, ифодагари дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошанд. Инчунин, дар паҳлуи рости рамз рақами 35 бо истифода аз рангҳои Парчами давлатӣ ҷойгир аст, ки ишора ба соли Ҷашн мебошад.
Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода баранд.
