ИПОТЕКАИ 5-ФОИЗА. КӮШИШЕ ДАР ТАТБИҚИ ХОСТАҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ
Бори аввал дар Тоҷикистон ширкати сохтмонии «Себистон» ва бонки «Душанбе сити» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд, ки дар доираи он барномаи нави қарздиҳии ипотекӣ бо 5 фоизи солона роҳандозӣ мегардад. Ба гуфтаи иштирокдорони бозор, ин пешниҳод яке аз дастрасттарин имкониятҳо барои хариди манзил буда, пасттарин меъёри фоизи ипотекӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.
Намояндагони бонк иброз доштанд, ки ипотека дар Тоҷикистон то имрӯз ба таври кофӣ рушд наёфта буд ва маҳз ин иқдом метавонад оғози марҳалаи нави рушди бозори қарзҳои ипотекӣ гардад. Ҳадафи асосии лоиҳа фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ ҷиҳати соҳиб шудан ба манзили истиқоматӣ мебошад.
Ба иттилои ҷонибҳо, лоиҳаи мазкур дар муддати кӯтоҳ –ҳамагӣ дар давоми 10 рӯз таҳия ва роҳандозӣ шудааст. Чунин ташаббус дар заминаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ба содаву дастрас гардондани механизмҳои хариди манзил таъкид намуда буданд, амалӣ гардидааст.
Ширкати сохтмонии «Себистон» имрӯз дар сафи пеши бозори сохтмони Тоҷикистон қарор дошта, беш аз 15 иншоотро ба истифода додааст ва айни ҳол як қатор лоиҳаҳои дигарро амалӣ месозад. Ҳадафи асосии ширкат анҷоми саривақтӣ ва босифати ҳар як лоиҳа ва таҳкими эътимоди муштариён мебошад. Роҳандозии ипотека бо 5 фоизи солона, ба таъкиди роҳбарияти ширкат Муҳайё Давлатализода, иқдоми якдафъаина набуда, қисми стратегияи дарозмуддати рушди устувор, беҳтарсозии муҳити шаҳр ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ маҳсуб меёбад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рушди бозори ипотека дар Тоҷикистон на танҳо аҳамияти иқтисодӣ, балки иҷтимоӣ низ дорад. Қарзҳои дарозмуддати ипотекӣ имкон медиҳанд, ки сарбории молиявии хариди манзил ба солҳои зиёд тақсим карда шавад ва барои қишрҳои васеи аҳолӣ дастрас гардад. Ҳамзамон, афзоиши ҳаҷми чунин қарзҳо ба рушди бозори манзил, таъсиси ҷойҳои нави кор ва тақвияти низоми молиявӣ мусоидат мекунад.
Бо вуҷуди ин, меъёри фоизи ипотека дар ҷумҳурӣ то ҳол дар сатҳи нисбатан баланд қарор дорад. Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар соли 2025 меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекӣ дар Тоҷикистон 19,4 фоизро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо як қатор кишварҳои дигар, аз ҷумла Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон, баланд буда, сабабҳои асосии он камбуди захираҳои дарозмуддати арзон, хавфҳои таваррумӣ ва асъорӣ, инчунин, сатҳи ноустувори даромади аҳолӣ арзёбӣ мегарданд.
Соли 2025 ҳаҷми қарзҳои ипотекӣ дар ҷумҳурӣ ба 1,8 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли қаблӣ 346,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастури Пешвои миллат як қатор чораҳо, аз ҷумла омӯзиши механизмҳои муосир, ташкили фонди кафолати қарзӣ ва рақамикунонии равандҳои ипотекаро роҳандозӣ менамояд.
Дар маҷмуъ, таҷрибаи нави ҳамкории бонки «Душанбе сити» ва ширкати «Себистон» метавонад ҳамчун намунаи муваффақи ҳамгироии низоми бонкӣ ва бахши хусусӣ арзёбӣ гардад. Паст кардани фоизи ипотека ва содаву дастрас намудани шартҳои он қадами муҳим дар роҳи беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ ба шумор меравад, ки ба ҳамаи ширкатҳои сохтмонӣ ва бонкҳои дар ҷумҳурӣ фаъолияткунанда рабт дорад, то дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»
