БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД
"ГЕРАН. ЧАРО АЗ ГУЛ ИҚТИСОД НАСОЗЕМ?!"
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Аъзам Мӯсоев, Корманди шоистаи Тоҷикистонро, ки 18-уми августи соли 2025, №158, дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» зери унвони "Геран. Чаро аз гул иқтисод насозем?!" ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки самти рустанипарварӣ қисми асосии соҳаи кишоварзӣ буда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва корхонаҳои саноатии мамлакат бо ашёи хом саҳми арзанда дорад. Аз ҷумла, зироатҳои техникӣ барои истеҳсоли ашёи хом дар саноат кишт гардида, дар Тоҷикистон аҳамияти муҳим доранд. Намудҳои асосии онҳо пахта, зироатҳои равғандиҳанда, тамоку ва рустаниҳои шифобахш мебошанд, ки барои амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисодӣ зарур аст. Яке аз ин гурӯҳи зироатҳо анҷибар (геран) буда, он дар саноати атриёт, тиб, собунпазию қаннодӣ васеъ истифода бурда мешавад. Ин рустанӣ дорои аҳамияти баланди ороишӣ, маводи беҳдоштӣ ва саноатии хуб буда, аксаран дар гармхона ва заминҳои кушод парвариш мешавад.
Дар Тоҷикистон анҷибар бори аввал соли 1934 дар водии Ҳисор парвариш шуд ва соли 1941 майдони кишти он ба 726 гектар расид. Анҷибар дар водиҳои Вахшу Ҳисор парвариш ёфта, зироати сердаромадтарин ба ҳисоб меравад. Дар солҳои 1991 – 1996 бо сабабҳои нооромии вазъи сиёсии ҷумҳурӣ ва канда шудани занҷираи муносибат бо кишварҳои харидор масоҳати кишти анҷибар то 162 гектар коҳиш ёфт. Дар соли 2023 бошад, ҳамагӣ дар майдони 0,60 гектар парвариш шуд. Соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории кишвар дар майдони 20,7 гектар анҷибар кишт гардид, ки ин нишондод нисбат ба соли 2024-ум 20,1 гектар зиёд мебошад.
Дар Тоҷикистон, асосан, шаклҳои дурагаи анҷибар парвариш мешаванд, ки дар таркибашон равғани эфирӣ зиёд доранд. Дар стансияи минтақавии зироатҳои эфиру равғандори Пахтаобод (ш. Турсунзода) дурагаҳое рӯёнда шудаанд, ки аз рӯйи равғаннокӣ аз анҷибари гулобӣ 2-3 баробар бартарӣ доранд. Инчунин, дурагаи «Регар» ноҳиябандӣ гаштааст. Дар Тоҷикистон анҷибар ба воситаи қаламчаҳое, ки дар гармхонаҳо парвариш мекунанд, зиёд карда мешавад ва дар ҳолати пайдо гардидани харидорони равғани он ин соҳаро метавон барқарор намуд.
Вазорат ҷиҳати таъмини занҷираи истеҳсол, коркард, бунёди инфрасохтори ёрирасон дар раванди истеҳсоли зироатҳо ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ, дар доираи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ барои бартарафсозии мушкилоти мавҷуда ва рушди соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Асозода Нуралӣ МАҲМАДУЛЛО,
муовини якуми вазири кишоварзӣ
