ПАНҶАКЕНТ. МАВСИМИ ОБЁРӢ МУҲИМТАРИН МАРҲАЛА ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИИ ШАҲР МАҲСУБ МЕЁБАД

12 феврал 2026, Панҷшанбе
12


Дар шаҳри Панҷакент корҳои омодагӣ ба мавсими обёрӣ дар истгоҳҳо, хатҳои барқ ва иншооти обрасон бомаром идома доранд. Бо ин мақсад, техникаю таҷҳизоти зарурӣ ва мутахассисони соҳа сафарбар шуданд. Ҷиҳати яхобмонии заминҳои кишт бошад, дар каналҳои асосии шаҳр 4,5 - 6 мукааб об дар ҳар сония ҷорӣ аст.
Бино ба иттилои Ибодулло Мансурзода, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон, дар мувозинаи идора 6 канали худҷорӣ ва 18 пойгоҳи обкашии иқтидорашон гуногун мавҷуд буда, тавассути онҳо беш аз 15,4 ҳазор гектар замин обёрӣ мешавад. Айни ҳол дар шаҳр аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3 пойгоҳи обкашӣ ва 2 канали худҷорӣ барқарор гардида, инчунин, корҳои соҳилбандии дарёи Зарафшон ва кашидани хатти нави оби полизӣ ба масофаи 14 ҳазор метр идома доранд, ки дар натиҷа, беш аз 1000 гектар замин, аз ҷумла зиёда аз 300 гектар замини нав, обёрӣ мешавад.
Дар доираи ҳамин тадбирҳо таъмир ва ба мавсим омода намудани пойгоҳи обкашии «Нилуфар - 1» дар ҳоли анҷомёбист. Тавассути силсилаи пойгоҳҳои обкашии «Нилуфар - 1» «Нилуфар - 2 ва «Нилуфар - 3» дар ҳудуди деҳоти Чинор ва Саразм беш аз 1000 гектар замини кишт бо об таъмин мегардад.
Корҳои барқароркунӣ ва обёрӣ дар ҳудуди деҳоти Рӯдакӣ, Лоиқ Шералӣ, Шинг, Косатарош, Моғиён, Амондара ва Хурмӣ ҷараён доранд.
Ҳамзамон, роҳбарияти идора ба таҳкими ҳамкорӣ бо ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби полизӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, масъалаҳои пардохти қарзҳои истифодаи об, бастани шартномаҳои обрасонӣ, таъмиру нигоҳдории иншооти обёрии дохилихоҷагӣ ва дигар тадбирҳои омодагӣ ба мавсими обёриро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Ибодулло Мансурзода таъкид намуд, ки дар муҳлатҳои муайяншуда шабакаҳои обрасон пурра тоза шуда, иншооти гидротехникӣ, сарбанду дастгоҳҳо, хатҳои барқ таъмир мегарданд ва ҳамаи иншооти обрасон сари вақт ба мавсими обёрӣ омода хоҳанд шуд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 11.02.2026 №: 28