ШАРҲИ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА САРФАРОЗ ГАРДОНДАН БО ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ҒОЛИБОН ВА ҶОИЗАДОРОНИ МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВАРЗИШӢ
Соҳаи варзиш ва варзишгарони касбӣ ҳамеша зери дастгирӣ ва қадршиносии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, заҳматҳо ва дастовардҳои онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки воситаи муаррифии шоистаи миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошанд, қадр мешаванд.
Таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ нишонаи қадршиносии давлатии варзишгарони бонангу номуси кишвар, ки дар арсаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи обрӯи миллат ва баланд бардоштани мақоми давлат заҳмат мекашанд, мебошад.
Ҷоизаи мазкур соли панҷум аст, ки зери сарпарастии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ғолибон, ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо тақдим мегардад.
Тибқи амри мазкур ва дар асоси пешниҳоди қарори Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 67 варзишгар аз рӯйи 8 намуди варзиш, аз ҷумла гӯштии ҷудо, гӯштии тарзи озод, гӯштии юнонӣ-румӣ, бокс, қаиқронӣ, таэквандо (WТ), самбо ва кикбоксинг бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда мешавад.
Маблағи умумии ҷоизаҳо 2 040 000 (ду миллиону чил ҳазор) сомониро ташкил дода, барои як варзишгар вобаста ба натиҷаи варзишӣ то 150 ҳазор сомонӣ пешбинӣ мешавад.
Дар заминаи қадршиносиҳои мазкур, сол ба сол натиҷаҳои варзишии варзишгарони кишварамон афзун гардида, ба хазинаи варзишии кишвар дар ин давра 510 медал, аз ин 140 тилло, 166 нуқра ва 204 биринҷӣ, ворид гардидааст.
