АКБАРИ САТТОР. ПУЛЕ БУД МИЁНИ ДУ СОҲИЛИ ДАРЁИ МАТБУОТ
![]()
Акбари Саттор рӯзноманигори тоҷик ва раиси вақти Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро аксарият мешиносанд.
Акбари Саттор (Акбаралӣ Сатторов) пас аз хатми факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳозира Санкт- Петербург) аз моҳи августи соли 1990 то моҳи ноябри соли 1990 дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ва аз моҳи ноябри соли 1990 то моҳи ноябри соли 1994 аввал хабарнигор, баъд мудири шуъбаи сиёсат ва ҳуқуқи рӯзномаи «Садои мардум» буд.
Моҳи апрели соли 1996 Акбари Саттор рӯзномаи иттилоотӣ-фарҳангии «Чархи гардун»-ро таъсис дод, ки дар муддати кӯтоҳ миёни сокинони мамлакат маъруф гардид.
Пас аз чанде, илова ба ин ҳафтанома, боз нашрияҳоеро аз қабили «Авиценна», «Аладдин», «Анушервон», «Время – деньги», «Студент», «Зан ва мард» ва «Вечерний Душанбе»-ро таъсис додаву сарпарастӣ кардааст.
Ӯ соли 2006 сарварии Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро ба уҳда гирифта, бо гузашти солҳо ва бо талошҳои зиёд ин ниҳодро ба ташкилоти пешрафта табдил дод. Вай дар бораи имрӯзу фардои матбуоти кишвар зиёд меандешид ва илова ба тарҳрезиҳо дар нашрияҳои хусусиаш, дар бораи озодии баёну андеша, нақши созандаи матбуот дар рушди кишвар, ҳифзи ҳуқуқи журналистон муҳокимарониҳои ҷолиб мекард.
Акбари Саттор аз чеҳраҳои мондагори журналистикаи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Ҳар боре, ки бо тақозои фаъолият ба сафарҳои хориҷӣ мерафтем, ӯ бо дарёдилию ғамхориаш дар дили ҳамсафарон зуд ҷой мегирифт.
Рӯзноманигори ҳафтаномаи «Минбари халқ» Азамат Дӯстов мегӯяд, ки он солҳо ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва сокинони ҷумҳурӣ дар ғами дарёфти як бурда нон буданд. Дар чунин айём ба дасти чоп расидани рӯзномаи «Чархи гардун» ҳамватанонамонро ба ояндаи нек дилгарм намуд. Ин ҳафтанома тамоми сокинони ҷумҳуриро ба ваҳдат, муттаҳидӣ, риояи ахлоқи ҳамида ва дӯстию бародарӣ ҳидоят мекард. Нафақахӯрони зиёде, ки зиндагиашон душвор буд, ба рӯзномафурӯшӣ ҷалб шуда, соҳиби даромади иловагӣ гардиданд.
Акбари Саттор соли 2011 бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр гардида, ҳоло Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисор ба номи ӯ гузошта шудааст.
Сайфиддин СУННАТӢ, «Ҷумҳурият»
