СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
17 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро ба муносибати ҳафтодсолагиашон самимона табрик гуфта, ба ӯ тансиҳатӣ, саодат ва дар татбиқи нақшаҳои дарпешистода муваффақиятҳои минбаъда таманно намуданд.
Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми бародари Қазоқистон сулҳ, шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаро орзу карданд.
Дар суҳбат президентҳо масъалаҳои муҳими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистонро бо ишора ба муҳимияти татбиқи фаъолонаи тавофуқоти ҷонибҳо, ки зимни сафари бобарори давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон аввали моҳи майи соли равон ба даст омада буданд, баррасӣ намуданд. Аҳамияти қабули эъломия дар бораи рушди минбаъдаи ҳамкории ду давлат дар қолаби муносибатҳои ҳампаймонӣ таъкид гардид.
Ҷонибҳо, ҳамчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла нахустин Саммити дарпешистода дар сиғаи «Осиёи Марказӣ-Чин»-ро, ки имрӯз дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Санаи нашр: 18.05.2023 №: 104
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)