ПАЁМ. ЧАРОҒИ РАҲНАМОИ ИЛМУ ДОНИШ

16 феврал 2026, Душанбе
7


Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат тамоми самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро фаро гирифта, барномаҳои бузургеро барои солҳои оянда муқаррар намуд.

Дар канори таҳлили амиқи тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат дар Паём Сарвари давлат соҳаи илму маорифро низ шарҳу баррасӣ намудаанд, ки боиси сарфарозии омӯзгорону устодон ва олимон гардид.
Афзудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маориф ва ҳамасола зиёд шудани музди маоши омӯзгорон аз ҷумлаи дастгириҳои пайвастае ба шумор меравад, ки дар умум ба пешрафти самтҳои мазкур мусоидат мекунад. Дар навбати худ, ба таъкиди Ҷаноби Олӣ, муҳимтарин вазифаи кормандони соҳа ин аст, ки бояд ба омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба ниёзҳои замон кӯшишу талош ба харҷ диҳанд. Сарвари давлат бо камоли эҳтиром нисбат ба ҳамаи мардуми кишвар, ки масъулияти тарбияи фарзандон бар дӯши онҳо мебошад, таъкид сохтанд: “Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд”.
Бо назардошти ин дархосту пешниҳодот, имрӯз мо – омӯзгорону устодонро зарур аст, ки, дар баробари иҷрои масъулияти касбӣ, ҳамчун падари маънавии фарзандон ба ҳар як хонанда муносибат намуда, дар таъмини камолоти донишу ахлоқи ҷавонон эҳсоси баланди масъулият зоҳир намоем. Вазифаи муқаддаси мост, ки ин пешниҳодҳои раҳнамояндаи Роҳбари давлатро сармашқи кори хеш намуда, дар такмили саводу дониши хонандагон, бахусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, заҳматҳои шабонарӯзӣ кашем. Таълими босамари ин фанҳо барои тарбияи хидматгузорони ҷомеаи ҷавобгӯ ба талаботи муосир ва барои расидан ба ҳадафҳои бузурги давлатӣ метавонад мусоидат намояд.
Аз ин рӯ, ҳамчун омӯзгор масъулияти баланди хешро дар он медонам, ки дар соли 2026 барои татбиқи нуктаҳои муҳими Паёми маорифпарваронаи Президенти мамлакат дар ҳар соату ҳар рӯзи кории хеш иқдом намоям, то шогирдони азизам на танҳо чун фарзандони маънавии ифтихорофарин ба камол бирасанд, балки чун фардоафрӯзони ҷомеа ба халқу Ватани азиз бо дониши баланд, хираду заковати олӣ хидмат кунанд.

МЭЛС НУРОВ, омӯзгори Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон, Аълочии маорифи Тоҷикистон

Санаи нашр: 16.02.2026 №: 31