ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ИДОМАИ САФАРИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ СИАНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

ИДОМАИ САФАРИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ СИАНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

19 май 2023, Ҷумъа
26
0
 
Нимаи дуюми рӯзи 17 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади идомаи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва иштирок дар ҳамоиши якуми Саммити “Осиёи Марказӣ – Чин” ба шаҳри Сиан ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Сиан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори меҳмони олиқадр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ду канори роҳрави қолинии сурх қаровули фахрӣ саф ороста, барномаи рангини фарҳангӣ намоиш дода шуд.
Санаи нашр: 18.05.2023 №: 104
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив