НИГОРАИ “ФУРӮҒ...”
![]()
Бо таъсиси озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, насли нав бештар ба китобу китобхона рӯ овард. Аз ҷумла, донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нигора Ғаффорова дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияи адабиёти муосир сазовори ҷойи сеюм гашт. Нигораро метавон духтари озмунҳо гуфт, зеро ҳамеша донишу ҷаҳонбинӣ ва донистаҳояшро дар озмунҳои гуногун месанҷад, бо ҳамсолонаш сабқат меварзад ва ғолибан пирӯз мешавад.
Аз нақли худи ӯст, ки мегӯяд:
- Дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба муносибати 130-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфил баргузор шуд, ки дар он ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гаштам. Дар Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” соли 2022 ширкат карда, дар номинаи риёзӣ дар даврҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ сазовори ҷойи сеюм гаштам. Инчунин, дар озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” дар номинатсияи меъморӣ дар даври шаҳрӣ сазовори ҷойи аввал гардидам ва бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ қадр шудам. Дар поёни ин ҳама талошҳо дарк кардам, ки мактаби бузург китоб аст.
Нигора ҳамчунин, ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат” (2023), ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Тараннуми Ватан” (2024, 2025), ғолиби озмуни мавлонохонӣ дар соли 2024 мебошад.
Модараш Дилафрӯз Зайдуллоева, омӯзгори забон ва адабиёт, пайваста ӯро ба китобу китобхонӣ талқин мекунад. Яке аз китобҳое, ки ба Нигора таъсири бештар гузоштааст, романи “Занони Сабзбаҳор”-и Гулрухсор мебошад. Мегӯяд, ки ин роман ба ӯ омӯхт, ки зиндагӣ гарчанде пур аз мушкилиҳост ва мубориза ҳамеша роҳи ягонаи ҳал аст.
Дар баробари он ки Нигора ба адабиёту шеър муҳаббати беандоза дорад, ҳамзамон, ба илми тиб майлу рағбаташ беандоза аст.
– Орзу дорам, ки дандонпизишки сатҳи ҷаҳонӣ шавам ва номи зани тоҷикро шарофати бештар бахшам. Дар ҷодаи расидан ба ин орзуи бузург талоши пайваста ва бо сари баланд гузаштан аз санҷишҳои зиёд маро интизор аст”, – мегӯяд бо ифтихор Нигора.
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”
