МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ЕРМЕК КОШЕРБАЕВ
16-уми феврал Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Сарвари давлат дар оғози мулоқот ташрифи вазири корҳои хориҷии кишвари дӯстро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таваҷҷуҳи пайвастаи ҷониби Тоҷикистонро ба масъалаҳои таҳкиму тавсеаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии ду кишвар дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод ба якдигар таъкид карданд.
Ермек Кошербаев, дар навбати худ, аз пазироии гарм изҳори сипос намуда, саҳми шоёни Пешвои миллатро дар рушди пайвастаи ҳамаи ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон таъкид сохт.
Дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои гуногун муҳокима шуданд.
Пешвои миллат аз ҷараёни рушди ҳамдастии ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти идомаи муколамаи пайвастаи сиёсиро барои такони тоза бахшидан ба робитаҳои ҷонибҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, гуманитариву фарҳангӣ, амният ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак зикр карданд. Дар зимн, ҷадвали мулоқоту тамосҳои дарпешистодаи ҷонибҳо дар сатҳи олӣ баррасӣ гардид.
Ҳамчунин, мубодилаи афкор доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар чорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.
АБДУЛЛО ОРИПОВ ДАР ҲУЗУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
17-уми феврал Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳокима гардида, роҳҳои рушд ва густариши минбаъдаи он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тамоюли мусбати афзоиши тиҷорати дуҷониба ва сармоягузорӣ бо қаноатмандӣ зикр шуд. Дар ин замина, Пешвои миллат ба имкониятҳои зиёд барои пешрафти минбаъдаи ин раванд дар соҳаҳои гуногуни саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак ишора карданд. Ҷонибҳо, инчунин, ба густариши минбаъдаи мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстона таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Роҳбари давлат кори муассири Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодиро, ки ҷаласаи охирини он имрӯз дар Душанбе баргузор шуд, таъкид сохтанд.
Ҷонибҳо аҳамияти идомаи муколамаи созанда ва боэътимоди байнидавлатиро дар тамоми самтҳои рӯзномаи дуҷониба зикр карданд. Дар ин замина, таваҷҷуҳи хос ба таъмини омодагии босифат ба мулоқотҳо ва музокироти сатҳи олии дарпешистода равона гардид. Доир ба ҷадвали ташкил ва гузарондани чунин чорабиниҳои байнидавлатӣ дар соли равон мубодилаи афкор сурат гирифт.
