ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВАН ХУНИН

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВАН ХУНИН

19 май 2023, Ҷумъа
8
0
 
17 май дар шаҳри Пекин дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои мардумии сиёсии машваратии Чин Ван Хунин мулоқот карда, маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чинро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози вохӯрӣ изҳор доштанд, ки мо ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки Тоҷикистону Чин аҳамияти бузург медиҳем.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дар соҳаи амниятро муҳокима карданд.
Дар робитаҳои дуҷониба ба масъалаи ҳамкории парламентҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла муносибатҳои байниҳизбӣ, ки дорои мавқеи муҳим мебошанд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Ҷонибҳо таҳкими робитаҳо дар бахшҳои илму маориф ва фарҳангию гуманитариро ҷавобгӯи талаботи замон шумурданд.
Санаи нашр: 18.05.2023 №: 104
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив