ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Истифодаи маблағҳои фонди захиравии Бонки миллии Тоҷикистон
Бақияи маблағҳои фонди захиравии тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» аз натиҷаи фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2024 ташаккулёфта ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор гузаронида шавад.
Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, № 2232
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи маблағҳои фонди захиравии Бонки миллии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳу-рии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи маблағҳои фонди захиравии Бонки миллии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 21 январи соли 2026, № 296
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии
Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи маблағҳои фонди захиравии Бонки
миллии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи маблағҳои фонди захиравии Бонки миллии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №151
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ АВФ БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО ВА МАБЛАҒҲОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 2 июли соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, №7-10, мод. 534; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2022, №1888; с. 2023 №4-6, мод. 151; с. 2024, №1-2, мод. 28, №12, мод.744) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 3. Муҳлати қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо
1. Муҳлати қонунигардонии дороиҳо панҷоҳу чор моҳро дар бар гирифта, аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур оғоз меёбад ва 5 январи соли 2026 ба анҷом мерасад.
2. Муҳлати қонунигардонии маблағҳо шасту шаш моҳро дар бар мегирад ва аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур оғоз меёбад".
2. Дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 7 калимаҳои “мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур” ба калимаҳои “анҷом додани қонунигардонӣ” иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 5 январи соли 2026 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, №2233
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 4 феврали соли 2026, №331
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 502; с. 2014, №3, мод. 145, №7, қ. 1, мод. 391, №11, мод. 644; с. 2015, №3, мод. 202, №7-9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, №11, мод. 956, №12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, №3, мод. 133, №7, мод. 615; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, №1, мод. 8, №5, мод. 270, мод. 271; с. 2020, №1, мод. 7, №7-9, мод. 601, мод. 605, мод. 622, №12, мод. 902, мод. 903; с. 2021, №1-2, мод. 4, №4, мод. 194, мод. 195, №6, мод. 386, №12, қ. 2, мод. 690; с. 2022, №1-3, мод. 9, мод. 10, мод. 11, №12, қ. 2, мод. 769; с. 2023, №1-3, мод. 3, №4-6, мод. 156; с. 2024, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5-6, мод. 254, №7-11, мод. 520; с. 2025, №1, мод. 4) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 87:
- аз қисми 2 калима ва рақамҳои «, 333 қисми 2» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 3 калима ва рақамҳои «қисми 3» ва «318, 324, 325» мувофиқан ба калимаҳо ва рақамҳои «қисми 5» ва «318 қисми 1, 324, 325 қисмҳои 1, 2, 4, 5» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 1 моддаи 93 пас аз рақамҳои «312» ва «316,» мувофиқан калимаҳо ва рақамҳои «қисмҳои 1 ва 2» ва «318 қисми 3,» илова карда шуда, калимаҳо ва рақамҳои «қисмҳои 1 ва 3» хориҷ карда шаванд.
3. Дар матни моддаи 98 пас аз рақами «310,» рақамҳо ва калимаи «312 қисми 3,» илова, рақамҳои «317-321» ба рақамҳо ва калимаҳои «317, 318 қисмҳои 1, 2 ва 4, 319-321» иваз, рақамҳо ва калимаҳои «329 қисми 3,» ва «333 қисми 2,» хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, № 2239
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 21 январи соли 2026, №306
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №142
