ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

18 феврал 2026, Чоршанбе
19


Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, №5, мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614, №11, мод. 877; с. 2017, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ. 1, мод. 275, №7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, №1, мод. 9, №5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, №1, мод. 8, №6, мод. 312, мод. 313, №7, мод. 464; с. 2020, №1, мод. 6, №7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, №12, мод. 900, мод. 901; с. 2021, №6, мод. 384, мод. 385, №12, қ. 2, мод. 686, мод. 687, мод. 688, мод. 689; с. 2022, №1-3, мод. 12, №7, мод. 443, №12, қ. 2, мод. 768; с. 2023, №4-6, мод. 155, №11, мод. 459; с. 2024, №1-2, мод. 3, мод. 4, №5-6, мод. 252, мод. 253, №7-11, мод. 518, мод. 519; с. 2025, №1, мод. 4, №3-4, мод. 249, №5, мод. 508; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2025, №2208, №2209), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 310:
1) аз қисми 1 калимаҳои «риоя накардани тартиби муқарраршудаи бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳо,» хориҷ карда шаванд;
2) қисмҳои 3 ва 4 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«3. Барои идора кардани воситаи нақлиёт, ки низоми кори олоти нурии берунӣ ва ранги шуълаи он ба конструксияи воситаи нақлиёт мутобиқат накарда, дар он вайрониҳо ва шароите ҷой доранд, ки истифодабарии воситаҳои нақлиёт манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, -
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
4. Барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бо садошинонаки ростҷараён ё ба садошинонак гузоштани таҷҳизоти ғайристандартии ихроҷкунӣ, ки садои берунии муҳаррикро баланд мекунад, -
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.»;
3) қисми 3 қисми 5 ҳисобида шавад.
2. Дар моддаи 312:
1) ба номи модда пас аз калимаи «нашудааст» калимаҳои «ё бо рақаме, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ мувофиқат намекунад» илова карда шаванд;
2) санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба андозаи аз ҳашт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин ё аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт ба муҳлати аз шаш моҳ то як сол маҳрум карда мешавад.»;
3) қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Барои идора кардани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ мувофиқат намекунад, -
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
3. Моддаи 314 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 314. Риоя накардани бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳо
Барои аз тарафи ронандагон риоя накардани бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳо, -
ба андозаи аз се то чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
4. Моддаи 317 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 317. Риоя накардани қоидаҳои истифодаи тасмаи бехатарӣ ё тоскулоҳҳои мототсиклронӣ
1. Барои аз тарафи ронандагон идора кардани воситаи нақлиёт бе бастани тасмаи бехатарӣ ё интиқоли мусофирони дар курсии пеш нишаста, ки тасмаи бехатариро набастаанд, агар дар конструксияи воситаи нақлиёт тасмаи бехатарӣ пешбинӣ шуда бошад, -
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
2. Идора намудани мототсиклҳо (квадротсиклҳо, тритсиклҳо), мопедҳо (скутерҳо, скутерҳои барқӣ ва воситаҳои ҳаракати инфиродӣ) бе тоскулоҳҳои мототсиклронӣ ё бо тоскулоҳи тасмааш бастанашуда, инчунин дар мототсикл (квадротсикл, тритсикл) интиқол додани мусофирон бе тоскулоҳҳои мототсиклронӣ ё бо тоскулоҳи тасмааш бастанашуда, -
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
5. Моддаи 318 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 318. Итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба чароғаки сурхи роҳнамо ё ишораи танзимгар ё роҳ надодан ба воситаҳои нақлиёти барои гузаштан бартаридошта
1. Барои итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба чароғаки сурхи роҳнамо ё ишораи танзимгар, инчунин роҳ надодан ба гузаштани бемамониати воситаҳои нақлиёти барои гузаштан бартаридошта, -
ба андозаи аз нуҳ то ёздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, -
ба андозаи аз дувоздаҳ то чордаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
3. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ панҷ маротиба ё бештар аз он содир намудани кирдорҳои дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинишуда, -
ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин ё аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт ба муҳлати аз шаш моҳ то як сол маҳрум карда мешавад.
4. Барои роҳ надодан ба рафтуомади бемамониати воситаҳои нақлиёти бо чароғи шуълавари рангҳои кабуду сурх ва сигнали овозии махсуси ба кор даровардашуда, инчунин воситаи нақлиёти таҳти мушоияти он қарордошта, -
ба андозаи аз шаш то ҳашт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
6. Моддаҳои 324 ва 325 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 324. Риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, нишонаҳои роҳ ва қоидаҳои дигари ҳаракат дар роҳ
1. Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, истифодаи асбобҳои равшаникунанда ҳангоми шаб ё равшании начандон зиёд, истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ, гузаргоҳҳо барои пиёдагардон, ҳаракат тавассути пайроҳаҳо, роҳҳои пиёдагард, бозистодани воситаҳои нақлиёт дар хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ, инчунин ба вуҷуд овардани монеа ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бозистӣ, -
ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
2. Таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар чорроҳаҳо ва роҳҳои пиёдагард, дар хатҳои ҳаракат дар роҳ, ба ғайр аз хатти якуми ҳаракат дар ҳамон самт ва ҷойҳои дигаре, ки таваққуф манъ аст, -
ба андозаи аз ду то чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
3. Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани талаботи нишонаҳои роҳ, ки анбӯҳҳои нақлиёти самтҳои муқобилро ҷудо менамоянд ва баромадан ба самти муқобили хатти ҳаракати воситаҳои нақлиёт, -
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
4. Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани талаботи аломати «ҳаракати автомобилҳои боркаш манъ аст», -
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
5. Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт риоя накардани қоидаҳои дигари ҳаракат дар роҳ, -
ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Моддаи 325. Риоя накардани суръати муқарраршудаи ҳаракат дар роҳ, қоидаҳои сабқат, манёвр ва аз чорроҳаҳо гузаштан
1. Барои суръати муқарраршудаи ҳаракатро ба андозаи аз даҳ то сӣ километр дар як соат зиёд кардани ронандагон, -
ба андозаи аз ду то чор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
2. Барои суръати муқарраршудаи ҳаракатро ба андозаи бештар аз сӣ километр дар як соат зиёд кардани ронандагон, -
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
3. Барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда, -
ба андозаи аз дувоздаҳ то чордаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
4. Барои риоя накардани қоидаҳои сабқат (пеш гузаштан), манёвр ва аз чорроҳаҳо гузаштан, -
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
5. Барои ба самти муқобили хатти ҳаракати воситаҳои нақлиёт баромадан, дар сурате ки роҳбандон ба вуҷуд омада бошад ё дар ин ҳолат ба чорроҳа дохил шудан, -
ба андозаи аз панҷ то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
7. Матни моддаи 326 қисми 1 ҳисобида шуда, қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Барои аз ҷониби ронандагон қасдан ба вуҷуд овардани монеа барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, беасос ба лағжиш (дрифт) даровардани воситаи нақлиёт ҳангоми нигоҳ доштани кунҷи ҳаракат ва (ё) суръати ҳаракат, намоишкорона анҷом додани ҳаракатҳои дигар бо воситаи нақлиёт ё нисбат ба дигар иштирокчиёни ҳаракат ва атрофиён беэҳтиромӣ зоҳир намудан, -
ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
8. Қисми 3 моддаи 329 хориҷ карда шавад.
9. Қисми 2 моддаи 333 хориҷ карда шуда, қисми 3 қисми 2 ҳисобида шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 16 феврали соли 2026, №2237

Санаи нашр: 18.02.2026 №: 32-33