100 САТР АЗ СОЗАНДАГӢ

18 феврал 2026, Чоршанбе
9


ХАТЛОН. АЛЛАКАЙ, 6 640 ИНШООТ ДАР ХИДМАТИ МАРДУМ
Соли равон дар вилояти Хатлон дар доираи омодагӣ ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 1500 иншооти нав, аз ҷумла муассисаҳои маориф, томактабӣ, тандурустӣ ва беш аз ҳаштод корхонаю коргоҳи нави саноатӣ, бо саҳми соҳибкорон бунёд мешавад.


Рустамшо Ҷаҳонгир, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, гуфт, ки тибқи нақшаи корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори Ҷашни миллӣ бунёди 6260 иншоот пешбинӣ гардида, аллакай, 6640 иншоот (106 дарсади нақша) ба истифода дода шуд. Ҳаҷми умумии маблағгузории 380 иншооте, ки аз нақша зиёд мавриди истифода қарор гирифт, 5,2 миллиард сомониро ташкил кард. Соли сипаришуда дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2572 иншооти ҷашнӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар қиёс ба нақшаи солона 2,3 баробар бештар аст.


ХУРОСОН
ТАЪМИНИ БЕШ АЗ 4 ҲАЗОР АҲОЛӢ БО ОБИ НӮШОӢ
Дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо шарикони рушд дар деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон ба фаъолияти чоҳи амудӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.


Бо ба истифода додани чоҳ беш аз 4 ҳазор аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид. Барои доимо фаъолият намудани чоҳ ва таъмини истифодабарандаҳо бо об сӣ панели офтобӣ бо иқтидори 16 киловатт-соат барқ насб гардид, ки самаранокии энергетикӣ ва истифодабарии захираҳои табииро таъмин менамояд. Масъулон амалишавии ин иқдомро намунаи барҷастаи сиёсати созанда ва дастгирии мардуми деҳот аз тарафи роҳбарияти олии кишвар номиданд.


ДӮСТӢ
БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №23 БУНЁД МЕГАРДАД
Фароҳам овардани шароити мусоиди таълим барои хонандаҳо, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошанд. Бо ин мақсад, дар деҳаи Навободи деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ сохтмони бинои иловагии МТМУ №23 иборат аз чордаҳ синфхона бомаром идома дорад.


Иншоот якқабата буда, аз ҳисоби маблағҳои аҳолии деҳа қомат меафрозад. Иқдоми мазкур намунаи ҳамкории фаъоли сокинон дар рушди соҳаи маориф арзёбӣ мегардад. Дар иншоот то имрӯз беш аз шаст дарсади корҳои пешбинишуда ба анҷом расидааст. Масъулон иброз доштанд, ки бо ҷалби қувваи корӣ ва таъмини саривақтии масолеҳи сохтмонӣ корҳои боқимонда дар муҳлати муайяншуда ба итмом мерасанд.


ХУҶАНД
МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАҲР


Зиёд шудани шумораи хонандаҳо зарурати бунёди мактабҳои навро ба миён овард ва имрӯзҳо дар баробари Ҳукумати ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соҳибкорону саховатмандон ҳам дар самти бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ташаббус нишон дода, дар ин амали нек саҳм мегузоранд.


Бо ин мақсад, соли 2026 бо тадбирандешиҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят бунёду навсозии 70 мактаб ва 80 кӯдакистон ба нақша гирифта шудааст. Иншооти соҳаи маориф дар 115 шаҳраку деҳот бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла бо саҳми соҳибкорон, мавриди истифода қарор мегирад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ медиҳад, ки дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд боз бинои иловагии дигар бо саҳми ширкатҳои сохтмонӣ бунёд мегардад. Бо амалӣ шудани иқдомҳои нав, дар ду бинои иловагӣ барои беш аз се ҳазор хонанда шароити хуби таълиму тарбия фароҳам мешавад.
Инчунин, бо саҳми ҶДММ “Марв-сохтмон” бинои нави Литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимӣ барои се ҳазор хонанда дар ду баст бунёд мегардад. Бинои нав тибқи лоиҳа аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат буда, туҳфаи арзанда ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Чанде пеш дар идомаи тадбирҳои ободонӣ дар МТМУ №12-и шаҳр низ ба бунёди бинои иловагӣ санги асос гузошта шуд. Иншоот аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат буда, баъди ба истифода додани он се ҳазор хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад. Илова бар ин, дар шаҳр ба сохтмони бинои нави МТМУ №11 санги асос гузоштанд, ки бо саҳмгузории ширкати ватании «Мега Хуҷанд» бунёд ёфта, барои таҳсили 1100 хонанда дар ду баст пешбинӣ мегардад.


Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 18.02.2026 №: 32-33