РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардондани шароити кору зиндагии хидматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои иловагӣ андешад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Нуралӣ Фақеров соли 1966 дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Кӯшониён дар оилаи коргар чашм ба дунёи ҳастӣ кушодааст. Пас аз хатми мактаб ва Омӯзишгоҳи касбии техникии №60-и ноҳияи Вахш ва кор дар хонаи хидмати маишӣ, ба хидмати ҳарбӣ даъват мешавад. Хидмат барояш писанд меафтад ва соли 1987 бо рутбаи сержанти калон ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Калинини Федератсияи Россия дохил шуда, онро соли 1991 бо дипломи аъло хатм мекунад. Сад афсус, ки солҳои 90-уми асри гузашта авзои кишвар муташанниҷ гашта, нооромиҳо мардумро фарогир буданд. Махсусан, оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар ноҳияҳои Кӯшониёну Вахш бештар аланга мезад. Нуралӣ бо рафиқонаш барои ҳимояи сохти конститутсионӣ бархост. Бисёр мардуми бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдаконро, аз марг наҷот дод, онҳоро ба ҷойи бехавф кӯчонд. Хушбахтона, абармарди шуҷоъ, сиёсатмадори замон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб шуданду ба водии Вахш ҳам сулҳи деринтизор омад.
Соли 1993 Нуралиро дар қисми ҳарбии “Н”, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир буд, ба вазифаи муовини командири қисми ҳарбӣ таъин намуданд ва чанде пас командири қисми ҳарбӣ шуд. Аз ин ба баъд ӯро ҳама бо эҳтиром командир Нурӣ Фақер мегуфтанд.
Дар шароити хеле душвор қисми ҳарбиро бо сарбозону афсарон, техникаи ҳарбӣ мукаммал кард. Ҷавононро пайваста машқ медод, дар баланд бардоштани малакаи ҳарбию сиёсии сарбозону афсарон саҳми босазо гузошт. Ӯ ҳамеша низомиёнро таъкид мекард, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ҳар лаҳза баҳри ҳимояи Ватан омода бошанд.
Соли 2003 Нурӣ Фақер сардори комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон таъин мегардад ва қариб 20 сол ин вазифаи пуршарафу масъулро ба уҳда дошт. Дар давраи комиссарии ӯ соле набуд, ки нақшаи даъвати наваскарон дар миқёси вилоят барзиёд иҷро нашуда бошад.
Хидматҳои генерал-майор, дорандаи орденҳои Ситораи Сурх ва Шараф Нуралӣ Фақеров аз ҷониби Сарвари давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоиста қадр шудаанд. Ӯ яке аз дастпарварони мактаби Пешвои миллат буд, ки то лаҳзаҳои вопасини умр дар ин ниҳод содиқона ба Ватан хидмат кардааст.
Музаффар МУРОДОВ,
бойгоншиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
