ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – СТРАТЕГИЯИ НАҶОТИ ПИРЯХҲО ДАР АСРИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РУШДКАРДА

18 феврал 2026, Чоршанбе
7


Обшавии пиряхҳо манбаи асосии оби нӯшоии сокинони сайёраро зери хатар мегузорад ва мо бояд барои наслҳои оянда ин сарвати бебаҳоро ҳифз намоем.
Эмомалӣ РАҲМОН


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба таҳлили амиқи илмӣ ва дурандешии сиёсӣ, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи ҳаётан муҳим – ҳифзи пиряхҳо ҷалб намуданд.
Эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера танҳо шиор набуда, натиҷаи мантиқии сиёсатест, ки ба наҷоти манбаъҳои об нигаронда шудааст. Таҳлилҳо, омӯзишҳои амиқи соҳа моро ба хулосае меоранд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Роҳбари давлати тоҷикон дар заминаи холӣ пайдо нашудаанд. Онҳо ба далелҳои раднашавандаи илмӣ такя мекунанд, вазъи ташвишовари криосфера (қабати яхбаста)-ро нишон медиҳанд.
Тоҷикистон, ки 93 фоизи ҳудудашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, саргаҳи 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ мебошад. Дар ҳудуди кишвар зиёда аз 13 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки бузургтарини онҳо – пиряхи Ванҷях (Федченко) бо дарозии беш аз 70 километр, “сарвати стратегӣ”-и минтақа маҳсуб меёбад.
Бо вуҷуди ин, таҳлилҳои илмӣ ва ҳам суханрониҳои пурдалелу ҳушдордиҳандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбари СММ нишон медиҳанд, ки дар чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 пиряхи хурду миёна пурра аз байн рафтааст. Ин рақамҳо маънои коҳиш ёфтани об дар дарёҳои Ому ва Сир, таҳдид ба амнияти озуқавории миллионҳо нафар ва хатар ба истеҳсоли “энергияи сабз” дар неругоҳҳои барқи обӣ мебошад. Маҳз ҳамин таҳдиди воқеӣ Пешвои миллатро водор кард, ки механизми ҳифзи пиряхҳоро дар сатҳи олии байналмилалӣ роҳандозӣ намоянд.
Қабули қатъномаҳои СММ бо ташаббуси Тоҷикистон ба раванди обшавии пиряхҳо таъсири мусбат расонда, ҳамчунин, ин санадҳо заминаи ҳуқуқӣ ва молиявиро барои амалҳои мушаххас дар ҳифзи табиат, аз ҷумла пиряхҳо, фароҳам меоваранд. Нахуст, бо таъсиси Хазинаи байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо имкон медиҳад, ки кишварҳои кӯҳистонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, барои мониторинги пиряхҳо маблағҳои грантӣ дастрас намоянд. Ҳамгироии илмӣ, яъне эълони Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025 – 2034 олимони ҷаҳонро муттаҳид месозад, то усулҳои нави пешгирии обшавии босуръати пиряхҳоро пайдо кунанд.
Ин иқдомҳо бевосита ба татбиқи Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат намуда, устувории иқтисодиёти миллиро таъмин месозанд.
Ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳалли мушкилотро нишон доданд, акнун вазифаи мо – ҷомеаи шаҳрвандӣ ва қишри зиёӣ дар амал татбиқ намудани онҳост.
Барои таъмини ояндаи дурахшони инсоният ва ҳифзи пиряхҳо зарур аст:
1. Мониторинги доимӣ: Ҷорӣ намудани системаҳои автоматикунонидашудаи назоратӣ дар минтақаҳои пиряхӣ.
2. Омодасозии кадрҳо: Дар доираи барномаҳои давлатӣ омода намудани мутахассисони ҷавон – пиряхшиносон ва муҳандисони иқлимшинос.
3. Маърифати экологӣ: Татбиқи босамари мушахасси чорабиниҳои омӯзишиву таблиғотӣ барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, то ҳар як фард дарк намояд, ки сарфаи об ва энергия саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳост.
Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем рисолати ватандории худро дар назди наслҳои оянда ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат иҷро намоем. Пиряхҳо танҳо ях нестанд – онҳо кафили бақои давлат ва ояндаи дурахшони миллати мо мебошанд.


Шоҳимардон БОБОШОҲЗОДА, донишҷӯйи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Санаи нашр: 18.02.2026 №: 32-33