ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ЭҲЁИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МИҲД ВИЛОЯТИ СУҒД ВА РӮЗНОМАИ "ҶУМҲУРИЯТ"
Дар шароите, ки нақши матбуоти миллӣ дар таҳкими фазои иттилоотӣ ва тарғиби сиёсати давлатӣ беш аз пеш меафзояд, густариши ҳамкорӣ миёни нашрияҳои марказӣ ва мақомоти маҳаллӣ аҳамияти хоса касб мекунад. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ҳамчун минбари боэътимоди давлат, дар ин самт пешсаф буда, дар инъикоси дастовардҳои шаҳру навоҳии кишвар нақши муассир дорад.
Дар идомаи чунин ҳамкориҳои судманд, роҳбарияти рӯзнома бо мақсади таҳкими робитаҳои эҷодӣ, баррасии натиҷаҳои маъракаи обуна ва густариши ҳамкориҳои минбаъда ба шаҳри Хуҷанд омад.
Қабл аз оғози ҳамоиш раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо сармуҳаррири рӯзнома Қурбоналӣ Раҳмонзода мулоқот намуд. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ, инъикоси дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар саҳифаҳои рӯзнома ва таҳкими иртибот бо хонандагонро баррасӣ намуданд.
Раиси вилоят таъкид кард, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҳамчун Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбари боэътимоди иттилоотӣ буда, дар муаррифии пешрафтҳои вилоят нақши муассир дорад.
Ҳамчунин, дар мулоқот атрофи баргузории Озмуни байналмилалии муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо рӯзнома, ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ» табодули назар сурат гирифт. Сармуҳаррир барои дастгирӣ ва ҳамкории пайваста изҳори сипос намуда, омодагии ҳайати эҷодиро барои инъикоси ҳамаҷонибаи фаъолияти шаҳру навоҳӣ таъкид кард.
Сипас, дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти ҳайати рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо мудирон ва масъулони шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини раиси вилоят Зуфар Исмоилзода кушода, аз саҳми арзандаи рӯзнома дар тарғибу ташвиқи рушди Тоҷикистони навин ёдовар шуд. Мавсуф таъкид кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки ҳифзи арзишҳои миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад, ҳамкориҳои миёни нашрияҳои марказӣ ва мардуми маҳал беш аз ҳар вақти дигар вусъат мехоҳанд.
Қурбоналӣ Раҳмонзода аз ҳозирон даъват ба амал овард, ки дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ тавассути навиштаҳои худ барои дигарон намунаи ибрат бошанд. Таъкид шуд, ки “Ҷумҳурият” зери рубрикаи “Фонус – минбари андеша” барои ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд бар зидди гурӯҳҳои иғвоангез дар саҳифаҳои иҷтимоӣ мубориза баранд, минбар медиҳад. Зикр гардид, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҳамчун нашрияи рақами аввали кишвар дар тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар сафи пеш қарор дорад. Рӯзнома бо теъдоди беш аз 50 ҳазор нусха ҳафтае панҷ маротиба нашр гардида, моҳе як миллион нусха ба дасти хонандагон мерасад, ки ин далели нуфуз ва маҳбубияти он миёни ҷомеа мебошад.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Панҷакент Шириншо Нуруллозода зимни суханронӣ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти рӯзнома изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки “Ҷумҳурият” дар шаҳри Панҷакент маҳбубияти хос дошта, дар шароити ҷаҳонишавӣ дар тарғиби арзишҳои миллӣ нақши муассир мебозад.
Ҳамчунин, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Конибодом Бурҳониддин Ҷабборӣ аз сатҳи баланди ҳамкориҳои тарафайн ёдовар шуда, иброз дошт, ки инъикоси дастовардҳои шаҳр дар саҳифаҳои рӯзнома сокинонро ба корҳои созандагӣ ҳидоят менамояд.
Дар поёни ҳамоиш рӯзноманигори собиқадор Ҷовиди Аштӣ, ки солҳои зиёд ҳамчун намояндаи рӯзнома дар вилоят фаъолият дошт, ба нафақа гусел карда шуд. Сармуҳаррир саҳми арзандаи ӯро дар рушди рӯзноманигории миллӣ таъкид намуда, ба фаъолияти пурбори чандинсолаи ӯ баҳои баланд дод.
Ҷовиди Аштӣ, ки тули солҳо бо қалами бурро ва диди таҳлилгаронааш масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии минтақаро инъикос мекард, дар навбати худ, аз чунин қадршиносӣ изҳори сипоси амиқ намуд. Ӯ иброз дошт, ки фаъолияти чандинсолаи ӯ дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” мактаби бузурги касбӣ ва зиндагӣ буда, худро ҳамеша як узви хонаводаи ин нашрияи бонуфуз меҳисобад. Ба гуфтаи ӯ, эътимоду дастгирии роҳбарият ва ҳамкорони рӯзнома омили асосии муваффақиятҳояш дар роҳи рӯзноманигорӣ гардидааст.
Ҳамоиш дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳсоси масъулияти муштарак барои таҳкими фазои иттилоотии кишвар ҷамъбаст гардида, ҷонибҳо ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”
