ҲИСОР. ШАҲРЕ ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ РУШД

20 феврал 2026, Ҷумъа
13


Мусоҳибаи хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода
– Муҳтарам Ҷаббор Носирзода, нахуст, роҷеъ ба татбиқи Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021 – 2026 каме маълумот медодед.
– Сараввал, аз аҳли эҷоди Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» ташаккур мекунам, ки пайваста бо мо дар ҳамкорӣ ҳастанд. Пешрафту камбудиҳои Ҳисори бостониро ҳақбинона дар саҳифаҳои рӯзнома инъикос мекунанд.
Табиист, ки Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021 – 2026 баҳри пешрафти тамоми самтҳои хоҷагии халқи шаҳр ва беҳбуди зиндагии сокинон нигаронда шудааст. Барнома аз 2071 лоиҳа иборат буда, маблағи умумии амалӣ намудани он 1 миллиарду 970 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. То моҳи январи соли гузашта, 1118 банди Барнома иҷро гардида, алҳол дар 366 лоиҳа корҳо ҷараён доранд. Тибқи нақша, соли ҷорӣ дар 587 лоиҳа корҳо оғоз мегарданд. Татбиқи Барнома комилан дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр қарор дорад. Барои пурра амалӣ кардани он чораҳои муассир андешида мешаванд.

– Шаҳри Ҳисор дар миқёси кишвар ҳамчун шаҳри саноатию аграрӣ мақоми хос дорад. Мегуфтед, ки соли гузашта соҳаҳои мазкур ба чӣ дастовардҳо ноил гардиданд?
– Соли сипаришударо барои саноатчиён ва кишоварзони шаҳри Ҳисор соли пешрафту комгорӣ гӯем, иштибоҳ намекунем. Саноатикунонии босуръат, ки ҳадафи чоруми миллии стратегӣ маҳсуб меёбад, зери назорати қатъӣ қарор дорад. Соли рафта дар шаҳр коргоҳу корхонаҳои хурду миёна таъсис ёфтанд. Феълан дар корхонаҳои истеҳсолии шаҳр гӯшти паранда, равғани рустанӣ, макарон, масолеҳи бастубанди замонавӣ, зарфҳои қоғазин, қоғаз, қоғази гигиенӣ, либоси варзишӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, қуттию зарфҳои калонҳаҷми пластикӣ, профилҳои оҳанӣ, бетон, шифер, рангҳои сохтмонӣ, сангҳои ороишӣ, эмулсия, дарҳои оҳанӣ, омехтаи хушки сохтмонӣ, моеи зарфшӯйӣ, мебел ва дигар таҷҳизоту маҳсулоти лозимӣ истеҳсол мешаванд.
Алҳол дар шаҳр 120 корхонаи саноатии хурд, миёна ва калон расман ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои истеҳсолии шаҳр ба маблағи 362 миллиону 306 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ тавлид намуданд, ки дар муқоиса ба соли 2024-ум 18,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин росто, корхонаҳое буданд, ки бо сабабҳои гуногун фаъолият накарданд, вале имсол омилҳои аз кор мондани онҳоро таҳлил намуда, барои фаъол шуданашон тадбирҳои фаврии заруриро роҳандозӣ мекунем.
Кишоварзони шаҳр кӯшиш ба харҷ доданд, то ҳосилнокӣ беҳтар гардида, бозори истеъмолии мамлакатро бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намоянд. Соли сипаришуда 24203 тонна ғалладона, 10130 тонна картошка, 79354 тонна сабзавот, 4801 тонна полизӣ, 33247 тонна мева ва 30459 тонна ангур истеҳсол гардид. Дар ин давра 14 ҳазору 515,9 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба давлатҳои Россия ва Қазоқистон содирот шуд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ бошад, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 477,5 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,6 миллион сомонӣ зиёд аст. Бо ҳадафи дар ҳамаи фаслҳои сол беосеб нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо сабзавоту меваҳои тару тоза дар шаҳр 79 сардхонаи замонавӣ фаъолият мекунад. Дар ҳамаи онҳо имкони нигоҳдории 13 ҳазору 130 тонна маҳсулот мавҷуд аст. Феълан дар сардхонаҳо зиёда аз 10 тонна меваи гуногун нигоҳ дошта мешавад.


– Лутфан, дар бораи вазъи соҳаи маорифи шаҳр суҳбат мекардед.
– Айни ҳол дар шаҳри Ҳисор 140 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 90 ҳазору 489 хонанда таҳсил мекунанд. Ҳамзамон, дар назди 108 муассисаи таълимӣ маркази инкишофи кӯдак амал намуда, дар онҳо 6648 кӯдаки синни 5-6-сола ҷалб шудааст.
Соли 2025 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, дастгирии соҳибкорону шахсони саховатпеша пояи моддию техникӣ ва инфрасохтори муассисаҳои таълимии шаҳр назар ба солҳои қабл беҳтар гардид. Бавижа, дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 144, №78, №16, №57, № 29, №21, №33 ва Муассисаи таълимии хусусии “Нури Ирфон” биноҳои нав бо тарҳи муосир бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирифтанд. Маҷмуан, барои 4400 толибилм ҷойи нишаст фароҳам гардид. Аз маблағҳои буҷети маҳаллӣ барои синфхонаҳо зиёда аз 1000 ҷуфт мизу курсӣ харида шуд. Инчунин, сохтмони биноҳои се муассисаи таълимӣ дар маҳаллаҳои навбунёд, як муассисаи таълимии хусусӣ, чордаҳ бинои нав ва сиву ду синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ идома дорад.
Бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ сохтмони кӯдакистони хусусӣ дар деҳаи Ҳаёти Нав барои 250 кӯдак ҷараён дорад. Ҳамчунин, сохтмони муассисаҳои томактабии хусусӣ дар деҳаи Баракат, шаҳраки Ҳисор ва деҳаи Лолагӣ идома дорад.


– Омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чӣ гуна ҷараён доранд?
– Мардуми шарафманду меҳандӯсти шаҳри Ҳисор баҳри сазовор таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ камар бастаанд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ сохтмону барқарорсозии 1809 иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингард, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар заминаи мактабҳо, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, чароғонкунии кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Ҳисор, иваз намудани симчӯбҳои фарсуда, пешбинӣ шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ, то 1-уми январи соли ҷорӣ 1383 банди нақшаи мазкур татбиқ гардидааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва сокинони бонангу ори шаҳри Ҳисор дар баробари бунёди иншооти зарурӣ баҳри таъмиру таҷдиди роҳҳои дохили шаҳр ва деҳот камар бастаанд. Роҳҳои мошингард дар чанд деҳот, бо сабаби таъмиру таҷдид нашудан, харобу таъмирталаб гардида буданд. Бинобар ин, соли рафта барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 6,2 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби Вазорати нақлиёт 349,8 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин асно бо ҷалби соҳибкорони шаҳр роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Чимтеппа – Шарора ба масофаи 4 километр ва Ҳисор – Айнӣ 8,7 километр таъмири асосӣ шуд. Инчунин, соҳибкорон 59,7 километр роҳҳои ҳудуди шаҳрро ба маблағи 50,7 миллион сомонӣ асфалтпӯш карданд. Роҳҳои деҳавӣ ба масофаи 102 км бетонпӯш, 77,3 км сангфарш ва 20,1 км таъмири ҷорӣ гардиданд.
Шабу рӯз дар талошем, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бошукӯҳу мондагор истиқбол намоем.


Ёқуби СОДИҚ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.02.2026 №: 35