СУҲБАТИ ПУРМУҲТАВОИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҶИН ЛИСУН
17 май дар шаҳри Пекин дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Ҷин Лисун мулоқот карданд.
Дар рафти вохӯрӣ масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва ин ташкилоти байналмилалии молиявӣ баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохториро шарики боэътимоди Тоҷикистон номида, изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба раванди густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои мо такони нав хоҳанд бахшид.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба таҳқими ҳамкорӣ дар самти маблағгузории минбаъдаи рушди “инфрасохтори сабз” дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва шаҳрдорӣ табодули андеша намуданд.
Таҳкими робитаҳо, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба лоиҳаҳои афзалиятнок ҷиҳати рушди соҳаҳои инфрасохтор, саноат, бахши хусусӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ зарур шумурда шуд. Аз ҷумла, ҳангоми мулоқот президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Ҷин Лисун оид ба ҷудо кардани маблағҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 500 миллион доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» изҳор намуд.
Инчунин, ҷонибҳо масъалаҳои маблағгузории лоиҳаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзию канданиҳои фоиданокро аз бахшҳои дигари ҳамкорӣ номида, ҳамзамон, таъкид намуданд, ки дар Тоҷикистон барои амалисозии онҳо тамоми имкону захираҳо мавҷуд аст.
Дар мулоқот, ҳамчунин, оид ба вазъи глобалии тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, таъсири ин омилҳо ба иқтисоди кишварҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Санаи нашр: 18.05.2023 №: 104
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)