МАКТАБИ МАРДОНАГӢ

23 феврал 2026, Душанбе
0

Аз миллати гурдонем, аз мактаби мардонем,
Ду чашм чароғону сарро чу сипар донем.
Рӯзе чу фидо гаштем, озод Ватан монад,
Аз хавфу хатар асло мо рӯй нагардонем.


Сарбозии ин Меҳан сар бохтанӣ дорад,
Ҳар лаҳза дирафши он афрохтанӣ дорад.
Аз рози сиёсатҳо огоҳ дилат бошад,
Худро ба ҷаҳони нав бишнохтанӣ дорад.


Дар хоки Ватан гоҳе оҳиста қадам монем,
Аз сангу гулу хораш асрори Ватан хонем.
Асрори Ватан донем, аҳволи Ватан донем,
Аз таърихи ин миллат пайваста сухан ронем.


Ҳар лаҳза шараф бодо бар Сарвари ин Артиш,
Поянда бувад доим размовари ин Артиш.
Савганд ба хоки пок, аз ҷону дили бебок
Пайғоми вафо бишнав аз лашкари ин Артиш.


Аз миллати гурдонем, аз мактаби мардонем,
Ду чашм чароғону сарро чу сипар донем.
Рӯзе чу фидо гаштем, озода Ватан монад,
Аз хавфу хатар асло мо рӯй нагардонем.


МАРДОНИ БУЗУРГ БАРГИ САБЗ БА СИПАҲСОЛОРОНИ МЕҲАН


Мардони бузург астед,
Паймон ба Ватан бастед,
Бо афсару сарбозон,
Ҳамсангару ҳамдастед!


Сад роз шумо доред,
Сарбоз шумо доред.
Монанди уқоб аз кӯҳ
Парвоз шумо доред.
Аз набзи замон огоҳ,
Аз вазъи ҷаҳон огоҳ.
Донои набард астед,
Аз тиру камон огоҳ...


Гурдони Ватан ҳастед,
Аз доми хатар растед.
Бишкаста сафи душман,
Сад шукр, ки нашкастед.


АҲДИ САРБОЗӢ
(суруд)


Ҷону танем! Аз Ватанем!
Бонии ин кӯҳу камар,
Ошиқи дашту даманем!


Ҷону танем! Аз Ватанем!
Чашм аз ин марзи накӯ
Рӯзу шабон намеканем!


Ҷону танем! Аз Ватанем!
Сер зи оби чашмаҳо,
Гарм ба гирди гулханем!


Ҷону танем! Аз Ватанем!
Аҳду вафои мо ҳамин:
– Гардани душман шиканем!


Ҷону танем! Аз Ватанем!
Мо сипарони зиндаем,
Мо писарони Меҳанем!


Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 23.02.2026 №: 36