ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ШИНОХТИ ФАРЗОНАФАРЗАНДИ ТОҶИК АЗ СӮИ ФОРСИЗАБОНОНИ ДУНЁ
![]()
- Беш аз се даҳаи тоқатфарсо аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ, ки яке аз ду қутби бузурги ҷаҳон башумор мерафт, гузашт. Аз он даврон то кунун дунё рӯйи дигаре ба худ гирифт ва ҳар чи замон моро бо худ мебарад, зиндагӣ барои башарият дар ҳама ҷо, агарчи модернтар шуда, аммо душвортар ва вазинтар шудааст, ки Осиёи Марказӣ (Варорӯд) аз ин қолаб мустасно нест.
Дар ин миён ва дар канори сарзаминҳои пошидашуда аз шуравии собиқ ҳузури касе монанди Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати ҷаҳон, ҳамзамон, кишваре мустақил бо унвони Тоҷикистон барои ҳамагон мусаллам аст. Кишваре бо чаҳорчӯб ва қоидаи мушаххас барои қавми решадори тоҷик!
Эмомалӣ Раҳмон ва ёронаш кӯшидаанд, бо бориз нигоҳ доштани нишонҳо ва арзишҳои миллӣ дар зиндагии тоҷикон беҳсозии дарунмарзӣ ва таомулҳои бурунмарзиро барои кишвари Тоҷикистон дар авлавият қарор диҳанд ва ин гуна аст, ки мешавад, ӯро меъмори кишвари Тоҷикистон дар байни дигар милал номид.
Муҳсин РАҲИМӢ,
коргардон аз давлати Кувайт, рӯзноманигор,
масъули иҷроияи бахши форсии радиои Кувайт
- Таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯзро метавон нуқтаи гузор аз марҳалаи эҳё ба марҳалаи ниҳодсозии тамаддунӣ донист. Тоҷикистон бо ин иқдом, лоиҳаи худшиносии миллиро ба сохтори пойдори фарҳангӣ ва тамаддунӣ табдил мекунад. Дар ҷаҳоне, ки ҳувиятҳо ё дар ифротгароӣ фурӯ мераванд, ё дар масрафгароии ҷаҳонӣ ҳал мешаванд, ин лоиҳа роҳи севумро пешниҳод мекунад: бозгашти халлоқ ба решаҳо барои мушорикати фаъол дар ояндаи ҷаҳон.
Иқдоми фарҳангӣ ва тамаддунии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо барои Тоҷикистон не, балки барои ҳамаи ҳавзаи тамаддуни ориёӣ, ки шомили Эрон ва Афғонистон низ мешавад, аҳамияти хос дорад, зеро мо дар Афғонистон ва ҳатто дар Эрон дучори фаромӯшии фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ шудаем ва ончунон, ки лозим аст, ба ҷашнҳо ва арзишҳои фарҳангии тамаддуни ориёӣ таваҷҷуҳ намешавад.
Яъқуби ЯСНО,
шоҳномашинос, доктори
илмҳои суханшиносӣ аз Афғонистон
- Медонем, ки забони тоҷикӣ, порсӣ ва дарии Афғонистон се лафз ва қадимаанд ва ҳар се як маънову мазмунро доранд, бо тафовутҳои дар қадимиву гӯйиш ва гунаи забонии шаҳрҳову манотиқи мухталиф.
Кори бузурге, ки Эмомалӣ Раҳмон кард, таъсиси анҷумани "Пайванд" буд ва ӯ ҳар сол аз сартосари ҷаҳон бузургоне аз ҷавомеи форсизабони муқим дар кишварҳои мухталифро ҷамъ мекунад ва бар ҳамандешӣ ва иттиҳоду пайвандҳои забонӣ таъкид месозад.
Ба назарам, сафари ахири доктор Масъуди Пизишкиён, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон, сарфасли муҳиме барои таҷдид ва тақвияти пайвандҳои сиёсӣ ва фарҳангист ва бояд онро фоли нек донист, ки ба қавли Ҳофиз «...ҳоли наку дар қафои фоли накуст» ва бояд дар масири идеяҳои муштарак гом бардошт.
Акбари ЭРОНӢ,
роҳбари Муассисаи пажӯҳишии
мероси мактуб дар Теҳрон,
доктори илмҳои суханшиносӣ, дастхатшинос
