ВАҚТЕ МИЛЛАТ ПУШТИБОН ДОРАД...
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати ҷовидона ва ояндаи дурахшони Ватан хизматҳои мондагори таърихӣ кардаанд. Ин абармарди миллат ҳазорҳо фирории ҷанги шаҳрвандиро ба Ватан баргардонда, сулҳи поянда ва зиндагии шоистаро ба миллати тоҷик ҳадя сохтанд.
Дар ҳар давру замон давлату миллатҳо барои сулҳу осоиштагӣ ҷонбозиҳо мекунанд ва ин неъмати бебаҳо – сулҳ на ба ҳама муяссар мегардад. Ҷаҳони муосир аз сулҳи тоҷикон, ки формулаи онро танҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёфтанд, сабақ гирифтан мехоҳанд, зеро бо шарофати барқарор гардидани сулҳ дар Тоҷикистон зиндагии миллати тоҷик ба маҷрои нав ворид гардид. Дар баробари ин, Пешвои миллат ҷашнҳои миллии тоҷикон – Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргонро эҳё ва Наврӯзро ҷаҳонӣ намуданд. Инчунин, ба мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид кардани Саразм, Фалак, Атлас, Шашмақом ва оши палов бозгӯи талошҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ва бостонӣ будани халқи тоҷиканд. Муҳимтар аз ҳама, тоҷику Тоҷикистон дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони муосир пуштибон ёфт.
Пешниҳодҳое, ки то имрӯз аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ манзури Созмони Милали Муттаҳид гардидаанд, барои тамоми ҷаҳон муҳиму дурбинона арзёбӣ мешаванд. Аз ҷумла, Тоҷикистон ташаббусҳои калидиро, ба монанди Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт” (солҳои 2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ намуд.
Дар Конфронсе, ки 22-24 март дар шаҳри Ню-Йорки ИМА доир шуд, зиёда аз 10 ҳазор ширкаткунанда – сарварони кишварҳо ва ҳукуматҳо, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ва шарикони рушд ҷамъ омада, мавзуи обро баррасӣ карданд.
Боиси ифтихору сарфарозии мардуми шарафманди Тоҷикистон аст, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми кишвари моро дар соҳаи об бо қатъномаи махсус тасдиқ кард. Тибқи ин қатънома, соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март – Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид.
Ташаббуси навбатии Пешвои миллат бори дигар далолат аз он медиҳад, ки Сарвари давлати мо на танҳо дар фикри фардои дурахшони ҷомеаи Тоҷикистон, балки дар андешаи наҷоти башарият аз беобӣ ва тағйирёбии иқлим ҳастанд. Ин иқдоме буд, ки аз ҷониби тамоми дунё, аз ҷумла кишварҳое, ки аз камобӣ танқисӣ мекашанд, истиқболи гарм ва пуштибонӣ ёфт.
Ман мехоҳам, ки аз минбари Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ки муассисаш Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ба Пешвои маҳбуби миллат барои хизматҳои шоиста ва пуштибонӣ аз миллати тоҷик дар ҷаҳон, барқарор кардани амнияти миллӣ дар кишвар, таъмини шароити мусоиди кору зиндагӣ ва таҳсил изҳори миннатдорӣ баён намоям. Воқеан, тамоми хизматҳои Пешвои миллат барои халқу Ватан шоистаи арҷгузорӣ ва қадршиносӣ мебошанд. Бояд шукргузор бошем!
Муслиҳиддин АБДУЛЛОЗОДА, сокини ноҳияи Сино
Санаи нашр: 18.05.2023 №: 104
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)