ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. 2025 – СОЛИ ДАСТОВАРДҲОИ МУҲИМИ СОҲА БУД

26 феврал 2026, Панҷшанбе
25



Соли 2025 дар таърихи фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун давраи таҳкими мавқеи байналмилалӣ ва густариши иқдомҳои амалӣ сабт мегардад. Дар шароите ки тағйирёбии иқлим ва таъсири омилҳои антропогенӣ ба табиат шиддат меёбад, сиёсати экологии давлат ба яке аз самтҳои калидии рушди устувори кишвар табдил ёфтааст.
Бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 аз ҷониби СММ Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Ин иқдоми муҳим идомаи мантиқии ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо дар самти масъалаҳои об буда, ҷомеаи байналмилалиро ба ҳамкории густурда ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо ва коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим даъват менамояд. Маросими расмии оғози Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар қароргоҳи Созмони ҷаҳонии метеорологӣ дар шаҳри Женева баргузор гардид. Ҳамзамон, чорабиниҳои сатҳи баланд дар қароргоҳҳои СММ ва UNESCO доир шуда, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 2500 намояндаи кишварҳои ҷаҳон баргузор гардид. Қабули Эъломияи Душанбе ва таъсиси Фонди махсуси ҳифзи пиряхҳо дар назди СММ аз дастовардҳои муҳими дипломатияи экологии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист соли 2025 ҳамкориҳои байналмилалиро таҳким бахшида, чанд вохӯрии расмии роҳбарияти Кумита бо намояндагиҳои корпусҳои дипломатӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд баргузор гардид. Аз ҷумла, 6-7-уми ноябри соли 2025 дар шаҳри Белеми Бразилия дар Саммити пешвоёни ҷаҳонӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки яке аз чорабинии муҳими 30-юмин Конфронси тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи тағйирёбии иқлими СММ мебошад, раиси Кумита Баҳодур Шерализода ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва бо изҳороти расмӣ баромад намуд. Зимни суханронӣ муҳимият ва зарурати қабули ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид гашт. Инчунин, дар доираи чорабинии Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим Ёддошти тафоҳум байни Агентии обуҳавошиносии Кумита ва ширкати ҷопонии «ArkEdge Space Inc» бо мақсади таҳкими иқтидор, санҷиши фосилавии пиряхҳо, мониторинги тағйирёбии иқлим, газҳои гулхонаӣ ва сифати ҳавои атмосфера имзо шуд. Чорабинии мазкур бо мақсади муҳокимаи масъалаҳои муҳим ва стратегияи глобалӣ барои мубориза бо тағйирёбии иқлим баргузор гардида, дар он сарварони давлатҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва фаъолони экологӣ иштирок намуда, роҳҳои нави ҳамкориро барои расидан ба 6 ҳадафи устувории экологӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бо мақсади коҳиши таъсири омилҳои манфӣ, назорати давлатӣ пурзӯр гардида, беш аз 21 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории соҳа ошкор ва нисбат ба қонуншиканон чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Мониторинги доимии сифати ҳаво, назорати партовҳои саноатӣ ва нақлиёт, инчунин, истифодаи технологияҳои рақамӣ самаранокии фаъолиятро баланд бардошт.
Ҳамзамон, дар самти ҳифзи гуногунии биологӣ ва рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дастовардҳои назаррас ба даст омаданд. Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии UNESCO шомил гардида, мақоми байналмилалӣ касб намуд. Баҳисобгирии намудҳои нодири ҳайвонот, аз ҷумла морхӯр ва гӯсфанди кӯҳии Марко Поло, бо ҷалби мутахассисони байналмилалӣ анҷом дода шуд. Таҳияи Харитаи рақамии экологии Тоҷикистон низ оғоз гардида, он дар оянда барои банақшагирии ҳудудӣ ва идоракунии самараноки захираҳои табиӣ хидмат хоҳад кард.


Дар доираи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 беш аз 3 миллиону 147 ҳазор бех ниҳол шинонда шуда, нақша 105 фоиз иҷро гардид. Ин иқдом ба беҳдошти иқлими маҳаллӣ ва зебоии муҳити зист мусоидат менамояд. Назорати сабзиши ниҳолҳо тавассути мушоҳидаи моҳвораӣ ва санҷишҳои саҳроӣ амалӣ гардида, сатҳи нигоҳубини онҳо баланд бардошта шуд.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бинои нави Кумита бо шароити муосири корӣ ва истифодаи «технологияҳои сабз», аз ҷумла панелҳои офтобӣ, мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин, барои кормандони соҳа биноҳои истиқоматӣ сохта шуданд.
Хулоса, соли 2025 барои соҳаи ҳифзи муҳити зист соли натиҷабахш ва пурмаҳсул арзёбӣ мешавад. Пайванди устувори ташаббусҳои миллӣ бо рӯзномаи ҷаҳонӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иштироки фаъоли ҷомеа нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи табиати нотакрори худ ва таъмини муҳити солим барои наслҳои оянда қадамҳои устувор мегузорад.


Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 26.02.2026 №: 39